Миллионҳо фоидаи давлат аз бохти шаҳрвандон дар марказҳои букмекерӣ
Фоидаи давлат аз марказҳои марбут ба қиморбозӣ, аз ҷумла марказҳои букмекерӣ дар 10 моҳи соли равон расман наздики 6 миллион сомониро ташкил додааст.
Тибқи омори расмӣ феълан дар Тоҷикистон 46 ширкат расман ба қайд гирифта шудаанд, ки ба ироаи хизматрасониҳои букмекерӣ машғуланд. Дар ин қатор ширкатҳои букмекерие, ки намояндагиҳояш дар Душанбе нисбатан зиёд ба назар мерасанд, “Ирсол”, Рахш, Формула Успеха ва ғайра мебошанд, ки муштариёни зиёд пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи ҳолдонҳо афроде, ки ба бозиҳои букмекерӣ дода шуда, маблағи калонро аз даст додаанд, дар кишвар зиёданд. Коршиносон инчунин майли рӯзафзуни наврасон ба ин марказҳоро мояи нигаронӣ ва мухолифи қонунгузорӣ хонда, таъкид мекунанд, ки мақомот бояд дар баробари ҳисоби андозҳо аз чунин муассисаҳо инчунин ба ҷанбаҳои манфии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, таъсирашонро коҳиш диҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |