Боздошти мансабдори ВКД зимни силоҳфурӯшӣ ва дарёфти анбор дар назди Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як афсар, сардори яке аз шуъбачаҳои худ хабар дод, ки дар харидуфурӯши силоҳ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод кормандони Раёсати амнияти дохилии ВКД, рӯзи 19-уми ноябри соли равон дар ҳолати харидуфурӯши силоҳ, Бекназаров Анваршо , сардори яке аз шуъбачаҳои ВКД-ро дастгир намуданд. Манбаъ мегӯяд, инчунин аз ҷои зисти 5-адад таппонча, 3-адад милтиқҳои гуногун, 634-адад тирҳои гуногун, 6-адад тирдон, 1-адад найза-корд ва 1-адад дурбин дарёфт ва мусодира гардид.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки феълан нисбати ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратури генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Инчунин ВКД аз дарёфти як паноҳгоҳи калони силоҳ дар наздикии Душанбе хабар дод, ки моҳи равон дарёфт гардидааст: “Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёси шаҳри Ваҳдат, тахминан 100 метр дуртар аз роҳи мошингард, ки дар нишебии дарёчаи дараи Ромит, аз зери решаи дарахти чанори куҳансол яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангии гуногун, аз ҷумла 6- адад автомати «Калашников» тамғаҳои АКСУ, АКС ва АК-74, 3- адад таппончаи тамғаи «Макаров» қутраш 9 мм, 5- адад тирдонҳо аз автомати тамғаи «Калашников», 2- адад тирдон аз таппончаи тамғаи «Макаров», як адад норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, як адад норинҷаки дастии тамғаи РГД-5, ду адад тарконандаҳои (запал) тамғаи УЗРГМ, 4- адад минаҳои зидди пиёдагард, 3- адад минаҳои зидди танкӣ, 449 адад тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз силоҳ дар дасти бархе аз сокинони кишвар нигаронӣ карда, дастур дод, ки амалиёт барои халъи силоҳ пурзӯр карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |