Тағйироти кадрӣ дар ҲНИТ бо иштирок ва табрикоти намояндагони ҳукумат
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар аз интихоб шудани Бобокалон Абуев ба ҳайси раиси дафтари худ дар ноҳияи Варзоб ва таъсири манфии раванди муҳоҷират ба ин бахш хабар медиҳад.
Тавре аз дафтари ҲНИТ ба “Озодагон” хабар доданд, Абуев дар ҳошияи конфронси ҳисоботӣ- интихоботии бахши ин ҳизб дар ноҳияи Варзоб ба ин симмат баргузида шудааст. Ӯ дар ин мақом Баҳодур Шодиевро иваз кард. ҲНИТ мегӯяд, тайи моҳи охир фаъолияти ин бахши то ҷое суст шуда, далели аслии онро раванди муҳоҷират арзёбӣ кардааст. Ба қавли вакилони конфронси бахши ноҳияии ин ҳизб дар Варзоб, вақтҳои охир чанд тан аз масъулони ин бахши ҳизб ба муҳоҷират рафтаанд. Сабаби дигар “фишорҳои мақомот болои аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ” гуфта мешавад.
Дар ин ҷаласа инчунин Муҳамадалии Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва намояндагони ҳукумати маҳаллии ноҳияи Варзоб, аз ҷумла Илҳом Шарипов, раиси бахши дин ва танзими маросимҳо ва Холмирзо Шукуров, муовини раиси ҷамоъати Чорбоғ иштирок дошта, раҳбарияти нави бахши ноҳияии ин ҳизбро табрик гуфтаанд.
Дар охир Муҳаммадалии Ҳаит фишорҳои ахири мақомот алайҳи ҲНИТ-ро муваққатан дониста, гуфтааст, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият бояд аз мушкилоти мардум бохабар буд. Муовини раиси ҲНИТ гуфтааст, онҳо бояд ин ҳамаро таҳаммул кунанду аз роҳи қонунӣ мусолиматомез кор бигиранд, чун ба гуфтаи ӯ, танҳо бо ин роҳ наҳзатиҳо метавонанд ба ҳадафҳои худ бирасанд: “Оромии ҷомеъаро мо ҳамеша ҷонибдорем ва кушиш ба харҷ медиҳем, то ҳамеша дар кишвар сулҳу субот пойдор бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |