Як моҳи амалиёти зиддимухаддиротии Тоҷикистону Чин ва мусодираи 22 кило ҳероин
Дар пайи нахустин амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ – пешгирикунандаи Тоҷикистону Чин 181 кило маводи нашъадор ёфт ва мусодира шудааст.
Аз Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, ин амалиёт аз 27 октябр то 21 ноябри соли 2014 ҷараён гирифта, “34 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ошкор ва 38 шахси даст ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ дошта, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аз онҳо 22 кило ҳероин, 18 кило афюн ва беш аз 140 кило маводи нашъаовари гуруҳи каннабис мусодира гардид”.
Манбаъ мегӯяд, амалиёти мазкур дар асоси Созишномаи имзошудаи миёни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Хитой “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо”, Созишномаи байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин бо мақсади густариши ҳамкориҳои зиддимухаддиротии дуҷониба дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар амалиёт аз ҷониби Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук иштирок намудаанд.
“Мақсади асосии баргузории амалиёти муштарак – ин пешгири қочоқи воситаҳои нашъаовар, ки дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон истеҳсол мегардад ва тариқи ҳудуди Тоҷикистон ба Хитой ворид мегардад, инчунин қатъи хатсайри эҳтимолии воридшавии маводи нашъаовар аз Чин ба Тоҷикистон буд”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |