Куштори домод баъди даъват ба хонаи хусур
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз куштори дигаре дар пайи хусумати оилавӣ хабар дод, ки рӯзи истироҳати 23-юми ноябр сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод бо маслиҳати пешакӣ Ҷамилов Ҷамили 53-сола ва ҷиянаш Саидов Мирсаиди 30-сола, сокинони ноҳияи Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ домодашон Нарзиев Акмали 27-соларо ба хонаашон даъват намуда қатл кардаанд. Ба иттилои тафтишот, Саидов Мирсаид якчанд маротиба бо корди хоҷагӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани домодаш зада, ба қатл расонидааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан гумонбарон боздошт шуда, тафтишоти парванда алайҳашон идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |