Бахшҳо

Пулис: Як чечен 4 тоҷикро тарсонда, ғорат кардааст

Мақомоти умури дохилии вилояти Краснодари Русия алайҳи як ҷавони 25-солаи чечен, ки бо таҳдид 4 шаҳрванди Тоҷикистонро ғорат кардааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

Тибқи иттилои тафтишот шаҳрванди чечентабор бо сохтмончиён аз Тоҷикистон дар яке аз марказҳои савдои Краснодар шинос шуда, ба онҳо таъмири як хонаро пешниҳод кардааст: “Онҳо аввал розӣ шудаанд, вале баъдан рад кардаанд. Ҷавони чечен бо таҳдиди латукӯб аз тоҷикон шиносномаҳояшонро гирифтааст ва ба ивази 6 ҳазор рубл баргардондааст.”

Мақомоти тафтишотии Краснодар мегӯянд, ин ҷавони чечентабор бо ин қаноат накарда, рӯзи дигар ба коргоҳи тоҷикон ҳозир шуда, қулфашонро шикаста, телефон, ноутбук, планшет ва 35 ҳазор рублашонро гирифта, ҷои ҳодисаро тарк намудааст.

Ба иттилои манбаъ баъди боздошт ҷавони чечен гуноҳашро иқрор кардааст ва шарҳ додааст, ки кораш дар сохтмон вазнин буд ва аз ҳисоби ғорати тоҷикон хост, маблағи “бе дарди миён”-ро ба даст орад. Ба иттилои манбаъ алайҳи боздоштшуда ба иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мӯҳр
.
Хайр як чечен чор лабкашолро горат кардааст. Шарт аст хамин хабарро пахн кардан?

Мехр
Каромату Иззат дар кучоянд, ки аз онхо пуштибони накарданд.

дифоъ аз молу мулки худ ин чиход аст. Мурдан дар ин рох ин баробари шахид шудан аст. Наход мардуми мо надонанд?!.,

Далер
Бачахои точик пеш аз он ки ба Россия мераве аввал каратеро ёд гиред. Чеченхо худ тарсочаканд. Наход аз онхо тарсед, ё ин ки Абдукодирзода боз шуморо насихат кард, ки даст бардоштан гунох аст.
шумо натарсед)))))

.
Далер,

Инхоро Кабири насихат кардааст, ки тахаммул кунанд. Ана окибати тахаммулкории Кабири.

Далер
Ин точикхои мо факат вакте ки ба рейси Москва-Душанбе менишинанд баъд ШЕРДИЛ мешаванд. То ин бошад ба мисли гусолачахо чизе ки милисаи рус гуфт хамуна мекунанд. Наход чор кас як чечена зада натавонистанд? Аккалан зури дастат нарасад, аз хамун стройка як бел гир дута дар сари чечен зан. Кучо омадагиш аз едуш мебурорад. Эх, халки тарсончаки ман...

,
.,
Паҳн кунанд, ки дигар лабкашолон лабонашонро ғундошта онаи зори ин хел чеченро нишон диҳанд.

Хай иншам нависед: ман дар аскари соли 1988 се чечена катор монда мачбур кардам ба як рус пули посилкаи дуздида гирифтагишона диханд. Як худум тока.

ШАРХИ ХУДАМОНРО МЕНАВИСЕМ НАШР НАМЕШАВАД ЧИ ДАРКОР БЕХУДА НАВИШТАН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)