Ба қонун дар бора буҷа иловаҳо ворид мешавад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун “Дар бораи буҷаи давлатии кишвар барои соли 2014” дигарбора илова ворид мекунад. Ин нукта дар ҷаласаи ахири Шӯрои Маҷлиси намояндагони кишвар таҳти раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 24 ноябр баён шудааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони кишвар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, шӯрои маҷлис дар ин ҷаласа лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”-ро низ баррасӣ кардааст. Инчунин аъзои шӯро, лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014” дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Барқарорсозии НБО-и Қайроққум”, дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Барқарорсозии НБО-и Қайроққум”-ро муҳокима ва баррасӣ кардаанд.
“Дар хотимаи ҷаласаи шӯро қисме аз масъалаҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати чорум ва қисми дигарро барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд”,-афзуд сухангӯи палатаи поёнии парлумон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |