Дипломатҳои тоҷик акнун ба Кувайт бидуни раводид мераванд
Миёни Тоҷикистон ва Кувайт санаде ба имзо расид, ки ба сафари шаҳрвандони дорои шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ба кишварҳои ҳамдигар бидуни раводид иҷоза медиҳад.
Зери ин санад Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои кувайтияш – Сабоҳ Холид ал-Ҳамд рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Кувайт имзо гузоштаанд. Инчунин вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари расмияш ба Кувайт, ки рӯзи 22 ноябр оғоз шуд, бо шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Кувайт мулоқот кардааст.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо дар ин вохурӣ “перомуни масоили муносибатҳои Душанбею Кувайт ва дурнамои рушди он мубодилаи афкор сурат гирифтааст.” Манбаъ мегӯяд, Сироҷидин Аслов дар идома муносибатҳои кунунии Душанбею Квайтро дар сатҳи сифатан нав хонда, изҳори умедворӣ намудааст, “вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Кувайт ҳамкории зичро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Фонди кувайтии рушд вусъат хоҳанд дод.”
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон инчунин дар ин дидор аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар амири Кувайтро барои анҷоми як сафари расмӣ дар фурсати муносиб ба Душанбе даъват кардааст.
Дар ин сафар вазири умури хориҷии Тоҷикистонро У. Усмонзода - вазири энергетика ва захираҳои об, Х. Асозода - вазири нақлиёт ва Н. Аҳмадов - роҳбари Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар намояндагони баланпояи вазорату идораҳои кишвар ҳамроҳӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |