Нуқтаҳои савдои ройгон ба соҳибкорон ва дастури шаҳрдори Хуҷанд
Бархе аз соҳибкороне, ки бар асари сӯхтор дар дар назди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд дуконҳояшон хокистар шуд, аз марказҳои савдои ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ва бозори маҳаллаи 34-уми маркази вилояти Суғд соҳиби нуқтаҳои савдо шудаанд.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд хабар доданд, ба ин соҳибкорон бидуни пардохти иҷорапулӣ шароит фароҳам овардаанд.
Оташсӯзии шаби 15 ба 16 ноябр марказҳои савдои "Тоҷир", "Барфаки Хуҷанд", "Баҳор" ва "Сино"-и назди бозори "Панҷшанбе"-и маркази вилояти Суғдро ба "ком" кашид. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар назди бозори “Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷандро, ки дар пайи он даҳҳо мағозаю дӯкони тоҷирон ба коми оташ рафт, шарҳ дод. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтор дар натиҷаи ихроҷи гази моеъ дар ошхонаи “Ханиф”, ки дар бозори "Панҷшанбе" ҷойигр аст, сар задааст. Манбаъ масоҳати умумии сухторро 800 метри мураббаъ гуфта, зарари расидашударо 994000 сомонӣ ҳисоб кардааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран аз мавзеи сӯхтори марказҳои савдои “Баҳор”, “Тоҷир” ва “Сино” дидан карда, супориш додааст, лоиҳаи ҷадиди ин марказҳои савдоро таҳия намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |