Тайи 7 моҳи аввали соли равон дар минтақаи Кӯлоб 921-нафар аз сокинон барои аввалин маротиба мубтало ба бемории сил гаштаанд.
Аз ҷумла, 206- нафар дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, 252-нафар дар Восеъ, 68-нафар дар Данғара, 122-нафар дар Ҳамадонӣ, 93-нафар дар Фархор, 49-нафар дар Темурмалик, 51-нафар дар Ховалинг, 31-нафар дар Шӯрообод ва 9-нафари дигар дар ноҳияи баландкӯҳи Балҷувон. Ба иқрори Мирзоалӣ Миралиев, муовини сардори раёсати тандурустӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, шумораи онҳое, ки барои аввалин бор ба ин маризӣ мубтало шудаанд, дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138-нафар зиёд гаштааст.
Дар ҳамин ҳол, муовини сардори раёсати тандурустӣ, омори дурусту пурраи гирифторони силро дар 8-моҳи сол дар даст надошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар ин бора ба ӯ маълумот надода будаанд. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Миралиев инчунин аз шумораи умумии беморони сил ва фавтидагони ин мараз дар навоҳии зеритоаташ низ тамоман бехабар буд.{jathumbnail off}
Мӯҳр