Писари Раббонӣ курсии падарро тарк кард
Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди марҳум устод Бурҳониддин Раббонӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз симмати худ истеъфо додааст.
Дар ин бора тими “Ислоҳот ва Ҳамгироӣ”-и доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.
Хабаргузории “Khaama Press” низ бо таъйиди ин хабар гуфтааст, оқои Раббонӣ аризаи истеъфои худро ба Ашрафғанӣ Аҳмад, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод кардааст.
Манбаъ мегӯяд, то ҳол ба ин тасмими Салоҳиддин Раббонӣ аз сӯи дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Афғонистон расман шарҳе дода нашудааст. Баъзе манобеи наздик ба оқои Раббонӣ гуфтаанд, интизор меравад, ӯ ба ҳайси вазири умури хориҷии Афғонистон баргузида шавад.
Салоҳиддин Раббонӣ, писари раисиҷумҳури пешини Афғонистон - Бурҳонуддин Раббонӣ аст, ки ба ҷои падари худ дар курсии раҳбарии Шӯрои олии сулҳ, ниҳоди масъули гуфтугӯи сулҳи Кобул бо ҷунбиши Толибон, моҳи апрели соли 2012 нишаста буд. Ӯ пеш аз омаданаш ба ин симат, ба ҳайси сафири Афғонистон дар Туркия кор кардааст. Писари Раббонӣ хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ буда, дорои дипломи Донишгоҳи “Кингстон”-и Лондон низ ҳаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |