Ҳавасмандии Покистон ба тавсеаи равобит бо Тоҷикистон

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки барои анҷоми як сафари расмӣ озими Покистон шуда буд, бо Мамнун Ҳусейн, раисҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дидори Аслов бо Ҳусейн рӯзи 21 ноябр дар “Айвони Садр”, қароргоҳи раисҷумҳури Покистон баргузор шудааст. “Ҷонибҳо дар масоили васеи ҳамкории дуҷониба миёни ду кишвар, инчунин масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд”,- мегӯяд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои покистонӣ аз даъвати раисҷумҳури худ барои рушди ҳамкорӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон хабар додаанд. Оқои Ҳусейн гуфтааст, Тоҷикистон ва Покистонро зарур аст, ҳамкории худро дар соҳаи иқтисоду тиҷорат ва амният тақвият диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, равобит бо Тоҷикистон барои Покистон бисёр аҳамиятнок буда, ин кишвар ҳавасманди рушду тавсеаи ҳамкорияш бо Душанбе аст.
Сироҷидин Аслов ба Роҳбари давлати дӯст барои пазироии гарм ва инчунин саҳми бевосита, ки ба мустаҳкамнамоии равобити миёни кишварҳо равона шудаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |