Шарипов ба журналисти рус: Мо не, Шумо ифротгароӣ мекунед!

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар муроҷиатномае ба журналист Владимир Соловёв ӯро дар ифротгароӣ ва барангехтани хусуматҳои қавмӣ муттаҳам кардааст.
Ин муроҷиатнома дар пайи як барномаи Соловев дар радиои FM-и Русия навишта шудааст. Ба қавли Каромат Шарипов ин журналист дар шоу-барномаи “Полный контакт” Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик”-ро гуруҳи ғайриқонунӣ ва ҷинойӣ номида, ҷонибдорони онро дар яҳудибадбинӣ ва экстремизм муттаҳам кардааст.
Дар ин барнома, ки ба гуфтаи ҷаноби Шарипов ба мавзӯи манфиатҳои соҳибони бозори “Садовод” ва маркази савдои “Маскав” бахшида шудааст, журналист аз василаи дуруғ кор гирифта, ҳомиёни ҳуқуқ ва муҳоҷирони тоҷикро “банда” номидааст: “Ҳақиқат ин аст, бозори Черкиз, ки тоҷикон онҷо ғулом буданд, аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия баста шуд ва соҳибони он ба бозори “Садовод” рафтанд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар “Садовод” низ ба ҳайси аробакашони беҳуқуқ истифода мешаванд”.
Дар идома ӯ бо шарҳи ин ки ҷунбиши онҳо як иттиҳоди ҷамъиятӣ асту “бар пояи низомномааш ҳадафҳои муфиди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дорад”, гуфтааст, он дар базаи Ҷунбиши “Неруҳои миллӣ-ватандӯстонаи Русия” бо сарварии Ш.Д.Дзоблаев таъсис ёфтааст. Дар идома мегӯяд, ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар Вазорати адлияи Русия сабт шуда, қонунҳои ин кишварро риоят мекунад. Ӯ мегӯяд, агар Соловёв як маротиба ба торнамои ҷунбиши онҳо ворид мешуд ва ҳадди ақал панҷ бахши онро боз мекард, шояд аз чунин изҳори назар худдорӣ меварзид.
Ва аммо дар идома оқои Шарипов мегӯяд, аз нигоҳи тантанаи адолат ин ҳақро дорад, ки Саловёвро дар экстремизм ва барангехтани хусуматҳои қавмӣ муттаҳам кунад: “Шумо худро яҳудӣ мегӯед, ман тоҷикам ва мо бояд ба кишвари мардуми рус бо эҳтиром муносибат кунем. Рафтори шумо ва нақши довари маъсумро бозиданатон дар шоу барномаи телевизионӣ бо Владимир Соловев миёни оилаи славянӣ шикоф ба вуҷуд меорад. Барномаи Шумо провокатсионӣ аст. Он дар ҷомеаи русӣ таниш ба вуҷуд оварда, сабаби бадбинӣ ва доғ шудани зиддиятҳои байни миллатҳои ин кишвар мешавад”.
Владимир Соловёв дар гузашта ҳам барои изҳори назар дар мавриди шахсони алоҳида ва намояндаи миллатҳо борҳо мавриди интиқоди шадид қарор гирифта ва чандин маротиба суханҳояш ӯро то долонҳои додгоҳ бурдаанд. Аз ҷумла, соли 2008 корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Русия Валерий Боев дар мавриди ҳимояи шаъну шараф аз рӯйи ӯ ба додгоҳ шикоят бурд. Соли 2011 Ҷамъияти яҳудиёни Озорбойҷон барои суханҳои Соловёв ба раҳбарияти радиои “Вести FM” нота ирсол кард. Моҳи июни 2014 тоҷири рус Сергей Полонский барои ҳифзи шаъну шараф аз рӯи ӯ ба як додгоҳи Маскав шикоят бурд. Ва ахиран дар моҳи августи соли равон дар феҳрасти таҳримии Украина шомил шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |