Боздошти мансабдори тоҷик барои қонуншиканӣ зимни даъвати наваскарон
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз боздошти як мансабдори баландпояи комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ашт хабар дод, ки дар порагирӣ ва халос намудани наваскарон аз хидмати ҳарбӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод капитан Носирҷон Аҳмадови 44-сола, муовини сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ашт барои озод намудани як сокини ноҳия аз хидмати ҳарбӣ 50 ҳазор рубли русӣ талаб намуда, зимни гирифтани маблағ дар бинои комиссариат боздошт шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Додситони ҳарбии вилояти Суғд алайҳи боздоштшуда тибқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки тафтишоти он идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |