Зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса аз анборхонаи як сокини ноҳияи Мастчои вилояти Суғд маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, айни замон парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104-и КҶ, нисбати Алишер Муллобоқиеви 28 сола оғоз карда шуд. Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшуда сокини ҷамоати Оббурдон, кӯчаи С.Обидов-7 буда, дар ягон ҷо кор намекунад. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии мувақкатиаш, аз анборхонаи ӯ 1-адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилаш 1 килою 100 грамм маводи нашъадори «бангдона» дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр