Баҳси шарикӣ, демократия ва ҳуқуқи инсон дар мулоқоти Раҳмон бо Григуле
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Ивета Григуле, роҳбари ҳайати парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили густариши ҳамкорӣ, рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар Тоҷикистон баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Григеле изҳор доштааст, ки “Иттиҳоди Аврупо дар симои Тоҷикистон метавонад шарики боэътимоди худро дар минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ басо муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар хатти пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, дошта бошад”.
Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки “таҳкими муносибот бо Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои он, аз ҷумла Парлумон, яке аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, зербино ва амнияти минтақавӣ се самти афзали робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мебошад.”
Зимни мулоқот аз рушди муносиботи тиҷории ҷонибҳо низ истиқбол шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо аз 362 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2012 ба 534 миллион дар соли 2013 расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |