АКС: Боздиди Аслов аз сохтмони баҳсбарангези бинои сафорат дар Исломобод

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари расмияш дар Покистон аз майдони сохтмони бинои нави сафорат дар Исломобод боздид намуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хишти аввали сохтмони бинои нави намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Исломобод аз ҷониби раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 гузошта шуда буд.
Дар ҳамин ҳол бинои сафорат то ҳол ба анҷом нарасидааст ва муъҷиби баҳси додгоҳӣ миёни сафири Тоҷикистон дар Исломобод, Шералӣ Ҷононов ва як ширкати покистонӣ шудааст.
Ахиран мақомоти пулиси шаҳри Исломобод аз рӯи шикояти Шералӣ Ҷононов, алайҳи хонум Саъдия Ҳайёт, сармеъмори ширкати “Montage Design Build” (MDB) тафтишоти ҷиноӣ оғоз карданд, ки ба иддаои Ҷононов барои ба даст овардани шартнома ҷиҳати тарҳрезию бунёди бинои нави сафорат дар бораи вазъу мавқеи ширкаташ асноди тақаллубиро пешниҳод намуда ва бо ҳамин роҳ сафирро фиреб додааст.
Аммо Саъдия Ҳайёт ҳангоми бозпурсии пулис иддаои Ҷононовро рад карда, изҳор доштааст, воқеан бо сафорат дар бораи тарҳу бунёди бинои нав дар Исломобод моҳи апрели соли равон шартнома баста, ҳамаи корҳои ба уҳдагирифтаро анҷом дод.
Дар ҳамин ҳол Додгоҳи Исломобод иддаои ҷонибҳоро шунида барои оғози тафтишоти ҷиноӣ алайҳи Саъдия Ҳайёт ба пулис иҷоза додааст ва таъкид намудааст, тамоми ҷузъиёти қазия дар доираи қонун тафтиш ва ҳал шаванд.

Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |