Бахшҳо
21 ноя 2014 11:11Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Даъвои дигарбораи сарбози маъюб аз генерал Раҷабалӣ ба додгоҳ

Аризаи даъвогии пайвандони Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда ва маъюби тоҷик, барои талаби ҷуброн аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба раҳбарии генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дигарбора ба додгоҳ ирсол шуд.

Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо, рӯзи 21 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо аризаи даъвогии худро баъд аз такмил дубора ба Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе ирсол кардаанд. Хонаводаи Мирзоевҳо дар ин аризаи худ, ки барои бори сеюм аст, ба додгоҳ меравад, аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб доранд. Ин талаби ҷуброн аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ҳолест, ки раҳбари ин ниҳод генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни аёдати Шаҳбол дар беморхона ва низ тариқи нома пардохт шудани хазинаи табобати ӯро аз сӯи давлат ваъда дода буд. Аммо хонаводаи Мирзоевҳо мегӯянд, генерали тоҷик ба гуфтаҳои худ вафо накардааст.

Вакили мудофеи ин хонаводаи тоҷик бар ин аст, ки маҳз бояд ҷубронро Сарраёсат пардохт кунанд, ҷуброн фарзанди зерҳимояи ӯ аз сӯи хидматчии ин ниҳод латту кӯб гардидааст. Аммо Ҷӯраев аз он нигаронӣ дорад, ки ин аризаи онҳо барои руёнидани ҷубронпулӣ аз сарраёсат бори сеюм аст, бо ҳар баҳона қабул намешавад.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст.”
Мӯҳр
Бародар 4-5 панч нафарро аз пушти 2-мушти задаашон суд карди, инсоф дори надори ки бо чубронпули талаб мекуни, ё шарм намекуни? Хамон чавононро агар пушти панчара равон намекарди имруз хамон чуьронро ба ту медоданд.

Ғариб
Бародар,
1. Ин мард аз хунукназарии 4-5 нафар инвалид шуд, ҳеҷ гап не? Азоби ду дунёя кашид, ҳеҷ гап не?
2. Ҳеҷ гап не, агар ин 4-5 нафар вазифаҳои худро иҷро мекарданд, хунукназари намекарданд, ҳоло дар пушти панҷара намебуданд. Инашро ҳам Аллоҳ медонад, ки шояд ҳоло АВФ шуда бошанд.

Чабрдида
Ба (Бародар) Гушкун! Додари чигарбанди туро ки ба хамин ахввол гирифтор карданд метавони гузашт кардангир. Ба шарте, ки баъди гузаштат боз писари амакатро ба чунин ахвол гирифтор накунад.

мехр
Дар холи хозир вазъи саломатии Шахбол читур аст. Худо шифои комил тихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)