Ифшои фурӯши доруҳои мадҳушкунанда дар тарабхонаҳои Душанбе
Пулиси Тоҷикистон Азам Маҳмадов, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро барои интиқол ва фурӯши ҳабҳои синтетикӣ боздошт кардааст.
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, Азам Маҳмадов бо мақсади ба даст овардани фоида дар тарабхонаву марказҳои дилхушии шаҳри Душанбе ба фурӯши ҳабҳои синтетикии экстазӣ машғул будааст. Ва замоне боздошт гардидааст, ки мехост миқдори зиёди ҳабҳоро дар тарабхонаҳо ба фурӯш барорад: “Ҳангоми боздошт аз ӯ миқдори зиёди ҳабҳои синтетикии экстазӣ ёфт ва мусодира шуд”.
ВУД, мегӯяд, тибқи нишондоди гумонбаршуда, ӯ ин маводи нашъаоварро аз шаҳри Санкт-Петербургӣ Русия ба маблағи 400 доллари амрикоӣ харидорӣ намуда, дар Тоҷикистон ҳар дона ҳабро ба маблағи 20 доллар мефурӯхтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |