Дэвид Робсон ба роҳбарияти “Ориёнбонк” шомил шуд
“Ориёнбонк” таҳти роҳбарии Ҳасан Асадуллозода аз Дэвид Робсон, президенти ширкати фаромиллии “Тетис Петролиум” даъват ба амал овардааст, ки ба ҳайати мудирияти бонк шомил шавад.
Тибқи иттилои сохторҳои марбут ба “Тетис Петролеум” Робсон ин даъватро қабул кард ва феълан узви мустақили Шӯрои назоратии “Ориёнбонк” мебошад. Ба иттилои манбаъ роҳбарияти “Ориёнбонк” аз шомил шудани Робсон ба мудирияти бонк истиқбол намуда, аз ҷумла изҳор доштааст, ки “мо таҷриба ва кори ӯро бо ниҳодҳои моливу бозорҳои байналмилалии сармоя қадр мекунем. Мо боварӣ дорем, ки дониши ӯ барои тавсеаи фаъолияти бонк ва ҷалб намудани сармоя ба Тоҷикистон кумак мекунад”.
Дэвид Робсон дар навбати худ “Ориёнбонк”-ро яке аз пояҳои иқтисоди Тоҷикистон хонда, ваъда додааст, ки барои табдил шудани ин бонк ба як муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.
Президенти “Тетис петролиум”, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба ҷустуҷӯ ва коркарди нафту газ машғул аст, бо изҳороти хушбинонааш оид ба захираҳои нафту газ дар кишвар машҳур аст. Ӯ тавонист ду соли пеш ширкати калони фаронсавӣ, “ТОТАЛ” ва ширкати чинии “China National Petroleum Corporation” (СNPC)-ро барои иктишофу истихроҷи нафту газ ба ҳавзаи “Бохтар” ҷалб кунад. Дар гузашта Робсон бо такя ба омӯзишҳои ширкаташ дар майдони “Бохтар” дар ҳавзаи Амӯдарё изҳор дошт, ки ки ҳаҷми захираҳои нафту газ дар ин макон 3.22 триллион метри мукааб газ ва 8.5 миллиард бушка нафтро ташкил медиҳад, ки баробари захираҳои кишварҳои бой мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |