Privacy International: Амниятиҳои тоҷик тамосу мукотиботро назорат мекунанд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ- “Privacy International” бо нашри як гузориш мегӯяд, мақомоти амниятии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон аз муосиртарин технологияи иттилоотию коммункикатсионӣ бархӯрдоранд, ки бо истифода аз онҳо тамоми тамосҳои шаҳрвандонашонро назорат мекунанд.
Тибқи гузориши “Privacy International”, ки соли 1980 ба хотири ҷилавгирӣ аз дахолати ғайриқонунии ҳукумату корпоратсияҳои байналмилалӣ ба ҳаёти шахсии одамон созмон ёфтааст, технологияи муосирро ба ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ асосан ширкатҳои исроилӣ, аз ҷумла корпоратсияи трансмиллии NICE Systems ва Verint ироа мекунад: “Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми мукотиботу суҳбатҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифонашонро дар дохилу хориҷи кишвар назорат ва сабт кунанд. Тамоми мукотибот дар интернет ва тариқи телефонҳои мобилӣ онлайн аз ҷониби мақомоти амниятӣ назорат мешаванд.”
Эдин Оманович, яке аз муаллифони ин гузориш мегӯяд, дар маҷмуъ онҳо муайян кардаанд, ки дар маъракаи назорати густурда аз болои шаҳрвандон ҳудуди 70 ширкати “хай-тек”-и Русия ва Ғарб иштирок доранд, аммо саҳми асосиро, махсусан дар Осиёи Марказӣ ширкатҳои исроилӣ доранд.
Созмони ҳомии ҳуқуқ аз ширкатҳои “хай-тек” даъват ба амал овардааст, ки таҷҳизоти муосири назоратиро ба ихтиёри ҳукуматҳои худкома надиҳанд, чун онҳо аз ин имконият сӯиистифода карда, онро барои дахолати густохона ва ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсии сокинонаш истифода мекунанд.
Аммо ширкати “NICE Systems” дар шарҳи ин гузориш иттилоъ додааст, ки технологияҳои муосирро ба ҳукуматҳо ба хотири мубориза бо ҷинояткорӣ ироа мекунад: “Технологияҳои мо барои ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот истифода мешаванд, ки ҳадафи он ҳифзи сулҳ ва ҳаёти одамон аст. Технология танҳо ба кишварҳое дода мешаванд, ки Исроил бо онҳо робитаҳои тиҷорӣ дорад. Аз ин бештар мо наметавонем, дар бораи мизоҷонамон иттилоъ диҳем.”
Ин гузориш дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ борҳо аз дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва гӯш кардани тамосҳои телефонияшон аз ҷониби мақомоти амниятӣ шикоят карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |