Парвандаи баҳсбарангез алайҳи ду роҳбалади тоҷик ба додгоҳ рафт (ВИДЕО)
Додситонии вилояти Астрахани Русия парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду роҳбалади қатори Душанбе-Маскавро ба додгоҳ фиристодааст, ки аз қаторашон моҳи майи соли гузашта беш аз 30 кило маводи героин дарёфт гардида буд. Тибқи иттилоияи мақомоти додситонӣ, ки имрӯз, 20-уми ноябр нашр гардид, роҳбаладони 22 ва 45-солаи тоҷик дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мешаванд. Айбдоркунанда мегӯяд, аз қатори роҳбаладон моҳи майи соли гузашта саги хизматӣ 30,5 кило героин пайдо намуд, ки дар зарфҳои пластикӣ, дар зери фарш пинҳон гардида буд. Он замон бо такя ба ин далел ва вазъи бади санитарӣ Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия, пешниҳод кард, ки омадурафти қаторҳои Тоҷикистон ба ин кишвар қатъ гардад. Роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” изҳор дошт, ки мақсад аз маърака алайҳи қаторҳои тоҷик ба даст овардани бозори мусофиркашонии Тоҷикистон аст, чун Русия аллакай қисмати асосии бархе аз бозорҳои кишварҳои ИДМ-ро соҳиб шуда, мехоҳад, бозори Тоҷикистонро низ ба ихтиёри худ гирад. Аммо қазия баъди сафари Владимир Якунин, роҳбари Роҳи оҳани Русия ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зоҳиран ҳал гардид ва даъвои мақомоти Русия низ қатъ шуданд. VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30