Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари даcтгоҳи КМИР-и Тоҷикистон субҳи имрӯз (16-уми сентябр) аз олам даргузашт.
Тибқи иттилои расида, иллати марги Додоҷонов сактаи қалбӣ унвон шудааст. Муҳибулло Додоҷонов 59 сол умр дошт ва аз соли 2000 ба ин тараф раҳбарии дастгоҳи иҷрояи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Дар давоми фаъолияти кории ӯ дар ин маснад, ду интихоботи парлумонӣ ва як интихоботи раёсати ҷумҳур баргузор шуда буд. Оқои Додоҷонов аз ҷумлаи мақомоти давлатие буд, ки бо ВАО равобити ҳасана дошт. Маросими хоксупории Муҳибулло Додоҷонов имрӯз дар зодгоҳи ӯ деҳаи Қирғизони ноҳияи Ваҳдат баргузор мегардад.
Ёдрас менамоем, муовини райиси Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов ҳам дар таърихи рӯзи 15-уми июли соли равон дар манзили зисташ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Сабаби марги Холиқов низ он вақт сактаи қалб унвон шуда буд.{jathumbnail off}
Мӯҳр