Бахшҳо
20 ноя 2014 12:14Тоҷикистон / Сиёсат

Барканорӣ ва эҳтимоли афви Ҷалол Исроилов

Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 20-уми ноябр зимни як ҷаласа дар Душанбе дархости раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои бозхонди Ҷалол Исроилов, додраси Додгоҳи Олии Иқтисодиро бо як овоз ҷонибдорӣ намуданд.

Давлатшо Гулмамадов, раиси Кумитаи ММ оид ба масоили аграрӣ изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон аз палатаи болоии парлумони кишвар дархост кардааст, ки ба далели даст задан ба аъмоле, ки боиси паст задани шаъну шарафи мақомоти додгоҳӣ мегарданд, салоҳияти Ҷалол Исроилов қатъ карда шавад ва ин дархост қонеъ гардид.

Қаблан Маҷлиси Миллӣ бо дархости додситони кулли кишвар барои ҳабси Ҷалол Исроилов иҷоза дод, ки барои гирифтани ҳашт ҳазор доллар ришва аз Ҳасанов М.А, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Саидшариф Шарифов”-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, муттаҳам мешавад. Ба иттилои мақомот Исроилов дар раванди баррасии шикояти кассатсионӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои дар доираи ваколатҳои мансабии худ ба манфиати хоҷагии номбурда ҳал шудани шикояти кассатсионӣ, аз раҳбари он ин маблағро гирифтааст, вале корро ба фоидааш ҳал накардааст.

Манбаи огоҳ аз қазия ба “Озодагон” гуфт, дар доираи қонуни нави афв дар назар аст, ки Исроилов аз ҷавобгарӣ озод шавад, чун тамоми маблағи гирифтаашро бозпас додааст.

Мақомоти тафтишотӣ ҳам таъйид мекунад, ки собиқ додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи майи то 14 июни соли 2014 шахсан дар чор ҳолат ва дар як ҳолат писараш Алишер Исроилов маблағи гирифтаашро бар мегардонад. “23 июни соли равон Исроилов тавассути писараш А. Исроилов боз 200 $-ро ба Ҳасанов М.А баргардонида медиҳад, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ -тафтишотӣ маблағи 200 $ дар ҳузури А. Исроилов ва Ҳасанов М.А ёфта гирифта мешавад. Ҳамзамон Ҷ. Исроилов 23 июни соли 2014 бо мақсади бозпас гардонидани қисми боқимондаи маблағи қаблан ба сифати пора гирифтааш - 5800 $ ва 100 сомониро ба мақомоти тафтишотӣ ихтиёран месупорад”,-навиштааст торнамои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Дар сомонаи Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикисон дар шарҳи ҳоли Ҷалол Исроилов чунин омадааст:
Маълумоташ олӣ, соли 1977 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст.
Солҳои 1980—1986 дар вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.
Солҳои 1986—1997 вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1997—2000 дар вазифаи муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2000—2005 ҳамчун судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2005 ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)