Бахшҳо

(ВИДЕО) Ҳоҷӣ Абдурраҳим: Фикр мекунанд, “маймунбоз” гурусна намешавад...

Абдурраҳим Набиев, ҳаҷвнигори тоҷик ва яке аз муассисони гуруҳи ҳаҷвии “Маҳфилоро” далели тарки саҳнаи ҳаҷви тоҷик карданашро мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва даромад надоштани ин соҳа арзёбӣ кард.

Ин ҳаҷвнигори тоҷик рӯзи 20 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин тасмими ӯ ба “ҳоҷишавӣ”-ияш дахл надорад: “Ҳанӯз чанд моҳи қабл аз сафар ба зиёрати Хонаи Худо саҳнаи ҳаҷвро тарк кардам”.

Абдурраҳим мегӯяд, мушкилоти иқтисодӣ ва даромад надоштани соҳаи ҳаҷв дар Тоҷикистон сабаб шуд, саҳнаро канор бигзорад: “Ин соҳа пул надорад, ҳоло фарзандон ҳам калон шудаанду дигар намешавад, ҳамин хел хушку холӣ ҳар ҷо гардӣ. Ду даст холӣ ба хона биёӣ ҳам намешавад, одам хиҷолат мекашад. Ба хотири ҳамин ҳунар хор нашавад гуфта, барои як коса шӯрбо ба куҷоҳо ҳам намерафтем. Ҳарчанд тоқат кардем, вале нашуд, баръакс, бештар фиреб хӯрдем. Ҳатто оиладор низ аз ҳисоби падар шудааму дар сини 40-солагӣ ҳоло низ дар як гӯшаи хонаи падар зиндагӣ дорем”.

Ба гуфтаи Абдурраҳим, ӯ ҳоло тасмим гирифтааст, танҳо дар филмҳо нақш биофарад. Мегӯяд, дар вақтҳои холӣ бо корҳои кишоварзӣ низ машғул аст: “Бо деҳқонӣ машғулам. Баъд аз ҳаҷ омадан дар ду кино нақш бозидам. Тасмимам ин аст, ки танҳо дар кино бозӣ мекунам. Дар соҳаи кино ҳадди ақал музди рӯзи кориро медиҳанд, аммо дар соҳаи ҳаҷв мисли як “маймунбоз” бо ту рафтор мекунанд, фикр мекунанд, маймунбоз на гурусна мешаваду на оила дорад”.

Абдураҳимро тамошобинони ҳаҷв бештар дар нақши “Бобои Қурбон” мешиносанд. “Бобои Қурбон”, ки дар дуруғгӯӣ устухон надорад, аз ҷанги Гирмон қиссаҳои зиёде мекунад. Абдулло Шарифов, яке аз дигар аъзои гуруҳи “Маҳфилоро” ба “Озодагон” гуфт, баъди рафтани Абдураҳим маҷбур шуданд, хатти маши саҳнаҳои ҳаҷвиро тағйир бидиҳанд. “Дигар дар саҳнаҳо Бобои Қурбон нест. Аллакай панҷ саҳнаи ҳаҷвӣ сабт кардем, ки рӯзҳои наздик намоиш дода мешавад”,-афзуд ӯ.


Яке аз саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо иштироки Абдураҳим Набиев. Бобои Мерган аз ҷанги Гирмон нақл мекунад
Мӯҳр
Хачв кори зур аст агар сахнахои чолиб дошта бошад
шумо хафа нашаведу лекин сахнахое ки шумо пешниход мекунед аз нигохи професионализм хело ва хеле паст аст. Беманианд. сабаби асоси анамин аст бародари азиз.

Театр чои хар каси фавкуллода нест, бароадари азиз Абдурахим. Театр токатпазирро кабул дорад. Ё аниктараш Шуморо касе дар кумитаи ТВ чап гирифтааст.

Ситора
Кандота Бизан Акаи Абдурахим Бояд шумо 10 сол пеш ин Хачвнигориро бас мекардед Зиндагит хеле пеш мерафт

Тарафдор
Офарин Акаи Абдурахим хеле фикру кори хуб кардед, интизорем кай „хандин камону & лахзахои гуворо" ру ба Худо меоранд...

Мехр
Ана нав фахмидам, барои чи хочи Абдурахима устухонхояш бо пусти танаш мувофикат намекунад.

Darvesh
Hamai in shakhsone ki comment navistaand tamoman mafkurai tang va fundamental hastand!!! Akai Abdurahim chand somin darkorayta gapo bzan? Aga ne ay kor dast nakasha. Zindagi bo khanda shirinay!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

комеди клаб_и точики ташкил кардан даркор не ки актери тенчи

Исмилёта нақл кун Бобои Абдураҳимshaha,

Исмилёта бугу

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)