Бахшҳо

ВИДЕО: Раҳойии Фирӯза, “келин”-и мушовири Путин аз СИЗО ва тасмим барои "никоҳ"-и расмӣ

Фирӯза Савушкина, арӯси 31-солаи писари мушовири президенти Русия, ки бо иттиҳоми таҳдид ба куштори як ҳамватанаш боздошт шуда буд, 19 ноябр аз СИЗО озод шудааст. Фирӯза ва Юрий Глазев ба хабарнигорон гуфтаанд, ояндаи наздик ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рафта, никоҳ мекунанд.

Расонаҳои Русия мегӯянд, раҳойии Фирӯза дар пайи “оштӣ”-и тарафҳо сурат гирифтааст. Қазияи боздошти ин тоҷикдухтар аз ҷониби мақомот чандест яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои русист. Фирӯза, ки арӯси Юрий Глазев, писари 23-солаи Сергей Глазев, мушовири раиси ҷумҳури Русия гуфта мешавад, аз сӯи мақомоти ин кишвар бо иттиҳоми таҳдид ба куштан кардани Дилафрӯз Мирзоева, як тоҷикдухтари дигар боздошт шуд. Аснои дастгир шудан ӯ аз Юрий ҳомиладор будааст. Муноқишаи миёни Савушкина ва Мирзоева, парастори модаркалони Юрий Глазев моҳи сентябри соли равон сар задааст. Тибқи баёноти ҷабрдида гӯиё Фирӯза дар заминаи рашк ба ӯ бо корд ҳамла карда, таҳдиди куштан намудааст, вале Юрий Глазев тавониста, кордро аз дасташ бигирад. Юрий Глазев гуфтааст, он танҳо як таҳдид сари қаҳр буд ва набояд ҷиддӣ гирифта мешуд.

Ба иддаои ӯ, аризаи даъвогӣ алайҳи арӯсаш бо дахолати модараш навишта шудааст, ки бо ин роҳ мехоҳанд аз издивоҷи ӯ бо Фирӯза ҷилавгирӣ кунад. “Ин сохтакорӣ ҳаст. Бо модарам муносибати хуб надошт. Иттиҳоми нахустин алайҳи Фирӯза ин буд, ки муддати будубоши худро дар Русия тамдид накардааст. Аммо баъдан ӯро бо ҷурми ҷиноӣ муттаҳам карданд”.

Иттиҳоми писар дар ҳаққи волидайн дар ҳолест, ки дар интернет суҳбати телефонии Глазевҳо нашр шуд, ки дар он калонӣ ба хурдӣ маслиҳат медиҳад, ки ариза дар бораи раҳо кардани муттаҳам зимни тафтишот нависад: “Бо вакили дифоъ дар тамос шав. Ин ҷо раванди маъмулӣ аст. Дӯстдоштаи ту метавонад, ҳатто бо хатоиҳои имлои ариза навишта дархост, кунад, ки “чора нисбати ман зимни тафтишот бозбинӣ шавад. Ва санади дуюм нависад, ки барои тавофуқоти ҷонибҳо розиям.”

Дар ҳамин ҳол ишқи Юрийи 23-сола ва Фирӯзаи 32-сола ба гуфтаи онҳо як соли пеш, замоне, ки ин духтари тоҷик ба ҳайси хизматгор дар хонаводаи онҳо кор мекардааст, сар задааст. Аввал онҳо муҳаббати худро пинҳон доштаанд, вале баъди он, ки модари домодшаванда огоҳ шудааст, алайҳи ин ҷуфтшавии ин ду ҷавон муъхолифати қатъӣ баён кардааст.


Мӯҳр
Ҷонбобоев
Тӯйлар муборак!!!!!!!!!!!

Нидо
Озодагон чи дигар проблема дар чумхури нест, ки кадом як мебахшеду хичкасбударо ин кадар думболагири мекунед. Ё хамин хичкабуда хешу таборатон хаст. Хайф бовар кунед.

Мехр
Фируза ба Юрий ба шавхар мебаромадааст. Ачиб, даъват Поп ё Мулло барои никох, ё харду, ё на ину на вай.

Юра мемри точики хруша бгири. Ранги Македонскиву Манас ай тувори язна мо точико фахр кнем.

Саидчон аз Ёкутистон
Салом озодагон! Арвохи ба гузаштагонатон хамин расми аввалиро аз сарлавха дур кунед акалан. Охир ин ба хеч дин дуруст намебошад. Бовар кунед маро аз дидани ин гуна бешармию бехаёии духтар хам аламам меояд хам шарм мекунам. Бо зани халолии худ чунин рафтор номугосб хаст, хоса дар махзари ом. Наход то ин дарача духтари точик бе ифат бошад, ки як бедин даст дар миёни пои у гузораду боз суратгири кунад. Сад хайфи точик,точике,ки мо аз бузургонаш фахр мекунем. Оё рухи он бузургон моро суол намекунанд,ки шумо чунин занхоро ба чамъият хадя мекунед?! Бовар кунед ин нанг хаст, ин шарм хаст, ин як беобругии миллати бузурги точик хаст. ....боки дар панохи Худо.

Мутаасиби дин наметавонад дар чомеьаи хозиразамон ва мудерн зиндаги кунад. Акди никоха новобаста аз хостахои он ё он идеология мебанданд. Никох танхо бар асоси як ,,идеология,, яьне мухаббат ва ишк баста, мешавад. Зану шавхаре, ки хамдигарро дуст доранд, ба Худованд наздиктаранд, новобаста аз он ки фаркияти имони доранд ё ранги пуст ва ё миллат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)