Ҷабри ронандаи тоҷик дар “разбор”-ҳо барои 2 миллион $-и падари Алсу
Мақомоти тафтишотии Русия дар ниҳояти санҷиши танишҳои сенаторҳои рус барои ду миллион доллар алайҳи панҷ шаҳрванди чечен ва як тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз карда ба додгоҳи Замоскворетски Маскав ирсол намудаанд.
Атбои чечен бо роҳбарии Рустам Агаев ва шаҳрванди Тоҷикистон, Маруф Каримов дар он муттаҳам мешаванд, ки хостаанд, ду миллион долларе, ки собиқ сенатор Михаил Капура аз сенатори дигар Ралиф Сафин, қарздор аст, бо роҳи зӯроварию таҳдид ситонанд. Ралиф Сафин, падари овозхони маъруф Алсу, аз соҳибкорони саршиноси Русия аст, ки дар доираи ин парванда борҳо бозпурсӣ шудааст.
Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ қазия чанд соли пеш аз он оғоз шудааст, ки сохторҳои марбут ба Ралиф Сафин, собиқ узви Шӯрои федералии Русия ва соҳибкор зимни қайдгирии якчанд иншооти гаронарзиши ғайриманқулашон ба мушкилӣ дучор шудаанд. Барои ҳалли мушкил Михаил Капура, узви дигари палатаи болоии парлумони Русия ва ҳамсояи Сафин дар маҳаллаи Раздори назди Маскав кӯмакашро пешниҳод кардааст. Сафин барои мусоидат дар ҳалли ин мушкилаш ба Капура дар маҷмуъ ҳудуди 2 миллион доллар додааст, аммо мушкилӣ ҳал нашудааст. Онгоҳ Сафин маблағҳояшро бозпас талаб кардааст, аммо Капура онро рад намудааст.
Мақомоти тафтишотӣ қаблан бар ин буданд, ки Сафин барои ситондани маблағҳояш аз Капура аз ҳамсояи дигараш, Александр Иншаков, раҳбари Анҷумани каскадёрҳои Русия кӯмак хостааст ва Иншаков дар навбати худ ба ин кор гуруҳи Рустам Агаеви чечентаборро ҷалб кардааст. Агаев, ки хатмкардаи мактаби махсуси ФСБ ва яке аз низомиёни собиқ мебошад, дар маҳаллаи Раздори назди Маскав бустонсарони сенатори дигари Русия, Умар Ҷабраиловро муҳофизат мекардааст.
Аввали соли равон гуруҳи Агаев барои гуфтушуниди навбатӣ барои баргардондани 2 миллион доллар ба дафтари наториалии ҳамсари Михаил Капура-Олга Капура омада будаанд, ки аз ҷониби мақомот боздошт мешаванд. Аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон, Маруф Каримов, ки ба иттилои мақомоти тафтишотӣ ба ҳайси ронанда дар хизмати Агаев будааст, боздошт мешавад.
Дар мавриди Сафину Иншаков мақомоти тафтишотӣ дар пайи бозпурсии чандинбораи онҳо ба хулосае омадаанд, ки онҳо дар ин кор даст надоранду атбои чечен суҳбат дар бораи 2 миллион долларро шунида, бо ташаббуси худ хостаанд он маблағҳоро бозпас ба Сафин баргардонанд ва умед доштаанд, ки мукофотпулие мегиранд. Феълан танҳо Маруф Каримов ва панҷ тан чечен дар қаллобӣ муттаҳам мешаванд.
Аммо Бахмут Палачев, вакили дифои мутаҳамон мегӯяд, Маруф Каримови тоҷик ҳеч рабте ба ин ҷиноят надорад. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳои рус таъкид намудааст, ки Каримов ронанда аст ва ҳеч иттилое дар бораи нияти мусофиронаш надоштааст: “Нафари таҳти ҳимояти ман дар аснои иҷрои кори худ буд ва супориши корфарморо иҷро кардааст. Ӯ нафаҳмидааст, ки одамонро ба куҷо мебарад. Ӯ тоҷик ҳаст ва аз одамони Агаев ҳеч иттилое надоштааст.”
Дар ҳамин ҳол парванда ба додгоҳ рафтааст ва мурофиаи нахустин аз рӯи ин ҳолат 21-уми ноябр таъин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |