“Баҳромҷон баъди бозгашт аз муҳоҷират пиразани русро қатл кардааст”

Баҳромҷон Юсупов, як муҳоҷири 33-солаи тоҷик аз ноҳияи Бохтар, ки баъди бозгашташ аз Русия дар Ватан аз ҷониби кампири 75-солаи рус таҳқир шудаасту тоб наоварда ба таври ваҳшиёна ӯро куштааст, ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин сокини шаҳраки Сомонии ноҳияи Бохтар ба номуси Вера Каралёваи марҳум таҷовуз низ кардааст, зеро куштори ӯ тариқи буғӣ ва задани чӯб ба раҳм содир шудааст. Аммо ташхиси тиббӣ ҳолати таҷовузро рад намудааст.
Тавре аз Додгоҳи вилояти Хатлон ба “Озодагон” хабар доданд, ҳукми Юсупов дар қасри фарҳанги ноҳия дар ҳузури даҳҳо нафар хонда шудааст, то барои дигарон низ дарси ибрат гардад.
Дар парвандаи ҷиноӣ аллайҳи Баҳромҷон Юсупов гуфта мешавад, ки ӯ баъд аз чанд соли муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба Ватан баргашта дар пай як даъво ва таҳқир шуданаш аз ҷониби Вера Каралёва ӯро кушта буд.
Муноқишаи маргбори Вера Каралёва ва Баҳромҷон Юсупов моҳи августи соли равон барои соҳиб шудан ба як саг сар зада, бо куштор анҷомидааст.
Муҳаббат Саидова, вакили дифои Баҳромҷон Юсупов мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ нисбати зерҳимояаш розӣ нест ва аз болои он шикояти касатсионӣ хоҳад бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |