Президент аз парлумон қатъи салоҳияти судяи муттаҳамро дархост кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон қатъи салоҳиятҳои Ҷаллол Исроилов, додраси Додгоҳи Олии Иқтисодиро, ки дар порагирӣ муттаҳам мешавад, дархост кардааст.
Интизор меравад, ки ин дархости раисиҷумҳур фардо, 20-уми ноябр дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баррасӣ гардад.
Қаблан Маҷлиси Миллӣ бо дархости додситони кулли кишвар барои ҳабси Ҷалол Исроилов иҷоза дод, ки барои гирифтани ҳашт ҳазор доллар ришва аз Ҳасанов М.А, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Саидшариф Шарифов”-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, муттаҳам мешавад. Ба иттилои мақомот Исроилов дар раванди баррасии шикояти кассатсионӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои дар доираи ваколатҳои мансабии худ ба манфиати хоҷагии номбурда ҳал шудани шикояти кассатсионӣ, аз раҳбари он ин маблағро гирифтааст.
Мақомоти тафтишотӣ изҳор доштанд, ки ҳангоми баррасиҳои минбаъдаи судӣ баҳс ба манфиати Ҳасанов М.А ҳал нашудааст ва аризадиҳанда аз Исроилов маблағҳои қаблан додаашро талаб кардааст. Аз ин рӯ, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи майи то 14 июни соли 2014 шахсан дар чор ҳолат ва дар як ҳолат писараш Алишер Исроилов маблағи гирифтаашро бар мегардонад. “23 июни соли равон Исроилов тавассути писараш А. Исроилов боз 200 $-ро ба Ҳасанов М.А баргардонида медиҳад, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ -тафтишотӣ маблағи 200 $ дар ҳузури А. Исроилов ва Ҳасанов М.А ёфта гирифта мешавад. Ҳамзамон Ҷ. Исроилов 23 июни соли 2014 бо мақсади бозпас гардонидани қисми боқимондаи маблағи қаблан ба сифати пора гирифтааш - 5800 $ ва 100 сомониро ба мақомоти тафтишотӣ ихтиёран месупорад”,-навиштааст торнамои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Аммо дар сомонаи Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикисон Ҷалол Исроилов ҳамоно ҳамчун додрас муаррифӣ шуда, дар шарҳи ҳолаш чунин омадааст:
Маълумоташ олӣ, соли 1977 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст.
Солҳои 1980—1986 дар вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.
Солҳои 1986—1997 вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1997—2000 дар вазифаи муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2000—2005 ҳамчун судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2005 ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда то ҳол кору фаъолият карда истодааст.
Судяи дараҷаи Олии тахассус. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1291 аз 19-уми августи соли 2002 бо унвони фахрии ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 29 аз 17-уми сентябри соли 2010 мукофонида шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |