Бахшҳо

Сафири Эрон: Сулҳи тоҷикон натиҷаи созиши Русия ва Эрон буд

Маҳдӣ Саноӣ, сафири Эрон дар Русия барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистонро намунаи олии ҳамкории Теҳрону Маскав дар ҳолатҳои буҳрону нооромиҳо хондааст.

Саноӣ, ки дар пасманзари сафари Сергей Наришкин, раҳбари парлумони Русия ба Теҳрон, ки 17-уми ноябр сурат гирифт, ба масъалаи инқилобу нооромиҳо дар кишварҳои гуногун дахл карда, дар ин робита ҳамкории Теҳрону Маскавро дар барқарорсозии сулҳи Тоҷикистон мисоли ибрат хондааст: “Мисоли сулҳи Тоҷикистон ба ҳама маълум аст, ки натиҷаи ҳамкории самарабахши Русия ва Эрон аст. Феълан Русия ва Эрон дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бархурду мухолифате надоранд.”

Сафири Эрон: Сулҳи тоҷикон натиҷаи созиши Русия ва Эрон будБа гуфтаи ин дипломати эронӣ Теҳрону Маскав ба ҳаводиси Шарқи Наздик низ аз як зовия нигоҳ мекунанд ва мухолифи бархӯрдҳои духӯра нисбати инқилобҳои ранга мебошанд: “Русия ва Эрон таҷрибаи бойи ҳамкорӣ дар ин минтақа, аз ҷумла Сурияро доранд. Ҳар ду кишвар бар онанд, ки нооромиҳо натиҷаи сиёсати духӯраи Ғарб дар Шарқи Наздик аст. Ғарб дар инқилобҳои Миср, Тунис ва Либия манфиатдор буд. Зери шиори ҳифзи ҳуқуқи инсон ИМА нуфузашро дар ҷаҳон густариш медиҳад ва ин ҳадафи асосист. Агар ҳуқуқи инсон аввалиндараҷа бошад, пас он бояд дар мисоли Сурия, Баҳрайн ва Яман низ авлавият пайдо кунад. Чаро аз одамкушӣ дар як кишвар бонги хатар мезананду кишвари дигарро нодида мегиранд?”

Сергей Наришкин низ зимни суҳбаташ дар Теҳрон изҳор доштааст, ки “мо зидди сиёсати бархе аз кишварҳои ғарбием, ки боиси нооромию буҳронҳо дар нуқоти гуногуни ҷаҳон мешаванд. Мо ҷонибдори риояи ҳуқуқи инсон ва мухолифи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии кишварҳои мустақил мебошем.”
Мӯҳр
.
Ин хел нагуед, ки ЧО хафа мешавад. У худро танхо сабабгори сулхи точикон мешуморад.

Мехр
Мо худ Точикон табиатан башардусту сулхпарварем.

Истиклол
Сулху Вахдатро танхо Чаноби Оли, мутарам Эмомали Рахмон овардааст, ки инро мардуми точик ва дигар миллатхои дуру наздик медонанд. Мухтарам сафир аввал фикр карда гапзананд, ба фикрам пеш аз сафир шудан, мактаби дипломатияро мехонанду баъд сафири таъин мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)