Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: “Хоҳони роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо давлати Исроил ҳастем”

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни қабули эътимодномаи сафири тозатаъйини Исроил дар кишвар - Кармела Шамир хостори тавсеаи равобити Душанбеву Тел-Авив шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 ноябр зимни маросими қабули эъдимодномаҳои бархе аз сафирони нави кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе гуфтааст, “мо хоҳони роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо давлати Исроил ҳастем.”

Раисҷумҳури кишвар изҳор доштааст, бо назардошти иқтидорҳои мавҷудаи тарафҳо, Душанбею Тел-Авив дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму фарҳанг имкониятҳои васеи рушди ҳамкорӣ доранд: “Хислати доимӣ ва босамар касб кардани муносиботи ду кишварро ҷониби Душанбе қабл аз ҳама дар амалияи ташаккули пояҳои ҳуқуқии онҳо мебинад”.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, зуҳри рӯзи 18 ноябр дар баробари сафири нави Исроил дар Душанбе инчунин сафири Шоҳигарии Нидерланд - Дриссер Генри Юберро, сафири Ирландия Оун О’Лири, сафири Эстония Марио Годино де-Матуш, сафири Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич, сафири Молдова Андрей Галбур, сафири Малайзия Дато Норъайнӣ, сафири Канада Шон Стайл ва сафири Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану эътимодномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, расман ба фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон шурӯъ карданд.
Мӯҳр
Ake
Az jonibi iqtisodi khub ast ammo shoyad Latmae bar din mezanad ki digar bozgasht nakhohad dosht

точик
дигар кишвар пайдо нашуд ки бо исроил хохони робитаи судманд мешави? яхуд хеч вакт бо мусалмон робитаи хуб баркарор намекунад, онхо факат бо чаламусалмонхо робита мекунанд

786 КУЛОБИБАЧЧА
786
Салом миллати мусулмони Точик. Шумо медонед Куръон китоби Аллох Ч.Ч. аст. Аллох дар ояти 51сураи муборакаи Моида, мефармояд "...дуст нагиред кофирон ва мушриконро..." ин чуни да чойхои дигари Китоби бешаку бешубхааш Куръони Карим Аллох Ч.Ч. манъ мекунад, дусти ва хамкори бо душманонашро сураи муборакаи Олиумрон ояти 118, сураи муборакаи Нисо/ 144. сураи муборакаи Моида/ 57. сураи муборакаи Тавба/ 23. сураи муборакаи Мумтахана ояти 1, ва дар чойхой дигараш. Хадисхои Расулуллох(с.а.о) кирдор рафтори он хазрат чангхояш бо ин яхудихои малъун, хеч кадомашро наметавонем хамчун як мусулмон рад кунем ё нодида бигирем.

Куруш
Яхудхои асри 21 ба мисли Яхудхои асри 7 нестанд, бачахои хушмуомилаанд ва хамкорида мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)