Роҳи “Telenor” ба Узбакистонро 25 ҳазор доллар ҳамвор кардааст?
Ширкати мухобиротии “Telenor” эҳтимол аз тариқи додани пора ба бозори Узбакистон ворид шудааст.
Нашрияи “Klassekampen”-и Норвегия санадеро мунташир кардааст, ки тибқи он ширкати “Vimpelcom Ltd”, ки “Telenor” яке аз саҳмиядоронаш маҳсуб мешавад, барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият дар Узбакистон 25 ҳазор доллар пардохт кардааст.
Ба навиштаи расонаҳо ширкати “Vimpelcom” ба ҳисоби ширкати “Takilant”, ки соҳибаш Гаяне Авакян, яке аз наздикони Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон-Ислом Каримов мебошад, пул ворез кардааст. Тибқи навиштаи нашрияи “Klassekampen” раҳбари ширкати “Telenor” ва узви шӯрои директорони ширкати “Vimplecom” аз ҷавоб ба саволи чӣ гуна иҷозатномаи фаъолият дар Узбакистонро гирифтааст, худдорӣ кардааст.
Нашрия афзудааст, қазияи мазкурро додситонии Норвегия дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои Ҳолланд ва Шветсария пайгирӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |