Пулис боздошти бародари Шарофиддин Гадоевро тасдиқ кард (ВИДЕО)
Мақомоти умури дохилии ноҳияи Фархор боздошт ва ҳабси Раҳматулло Гадоев, бародари Шарофиддин Гадоев, яке аз роҳбарони созмони мамнуъшудаи “Гурӯҳи 24”-ро тасдиқ кард.
Тавре аз шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фархор ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Раҳматулло Гадоев рӯзи 17 ноябр, бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт гардида, бо қарори додгоҳ ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум шуд: “Гадоев ба он далел ҳабс шуд, ки бо кормандони дидбонгоҳи Фархор муносибати дағалона карда, тартиботро вайрон намудааст.”
Ин дар ҳолест, ки худи Шарофиддин Гадоев мегӯяд, боздошти бародараш ба фаъолиятҳои ӯ рабт дорад ва ин як навъ фишор болои ӯст то аз мухолифат бо ҳукуматӣ феълӣ даст кашаду ба Ватан баргардад.
Қаблан волидони Шарофиддин Гадоев дар як навори видеоӣ аз ӯ хостанд, баромадҳои зиддиҳукуматиро хотима диҳаду шукронаи оромию ободӣ кунад ва ба Ватан баргардад.
ВИДЕОИ МУРОҶИАТИ ВОЛИДАЙНИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ
Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” мебошад, ки бо баромадҳои зиддиҳукуматияш дар шабакаи интернет маъруф аст. Ӯ қаблан бо дархости мақомоти тоҷик дар Испания боздошт шуд, вале додгоҳ истирдодаш ба Тоҷикистонро рад карда, озодаш намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |