Walk Free: Дар Тоҷикистон наздики 30 000 нафар ҳоли ғуломӣ доранд

Walk Free, бунёди австралиягӣ дар пайи таҳлили вазъи ғуломӣ дар 167 кишвари ҷаҳон изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон қариб 30 ҳазор сокин ҳоли ғуломӣ доранд.
Ба иттилои манбаъ дар Тоҷикистон чун дар Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон теъдоди ғуломон 0,3592 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби Walk Free дар Узбакистон афроди дар ҳоли ғуломӣ 1,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд, ки баробари 3,97 дарсади аҳолии кишвар буда, баъд аз Мавритания-4%, дуюмин нишондоди баландтаринии ғуломӣ дар ҷаҳон аст. Гаитӣ бо нишондоди 2,3 дарсади аҳолӣ ё худ 140 ҳазор ғулом дар ҷои сеюм қарор дорад.
Теъдоди нисбатан зиёди ғуломон дар Ҳиндустон (14 миллион нафар ё 1,14 фоизи аҳолӣ), Чин (3,2 миллион ё 0,23 дарсад) ва Покистон (2,1 миллилон нафар ё 1,13 фоизи аҳолӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Беҳтарин нишондодро дар ин гузориш Исландия дорад, ки теъдоди ғуломон дар ин кишвар ҳамагӣ 0,007 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ ба ҳисоби гузоришгарон соли равон дар ҷаҳон 35,8 нафар дар ҳоли ғуломӣ қарор доранд, дар ҳоле, ки соли гузашта ин нишондод ба 29,8 миллион нафар баробар буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |