Дарёфти ҷасади Каримовҳо, соҳибони мошинҳои гаронарзиш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардиданд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба мақомот Каримов Меҳроб, сокини 29-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Каримов Фарҳоди 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва Каримов Раҷабалии 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада бедарак шудаанд.
ВКД мегӯяд дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ субҳи имрӯз, 18-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Манбаи "Озодагон" афзуд, ки мошинҳои гумшуда, се рӯз пеш аз дарёфти ҷасадҳо дар қаламрави Рӯдакӣ пайдо шуда буданд. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |