Бахшҳо

Бехабар намон: Эълони қатъи об дар навоҳии Душанбе

Бо як қарори шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев интиқоли оби нушокӣ дар бархе кӯчаҳои пойтахт муваққатан қатъ мегардад.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдор ба “Озодагон” гуфт, тибқи қарори мазкур бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” бо ҳадафи омода намудани истгоҳҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, оби нушокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии “Фишорӣ”, “Худҷореъ”, “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” ва “Кофарниҳон” қатъ хоҳад шуд.

Бар асоси ин қарор маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ (ноҳияи Сино), хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Озодии занон, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон (ноҳияи И.Сомонӣ), ки тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Фишорӣ” об мегиранд, аз соати 22:00-и рӯзи 19 ноябр то соати 24:00-и 20 ноябр бе оби нушокӣ мемонанд.

Инчунин маҳаллаҳои Хувамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Телман, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1 то 77 (ноҳияи Шоҳмансур), маҳаллаҳои Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2 (ноҳияи Сино), кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев, то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ) аз соати 22:00-и 25 ноябр то соати 24:00 26 ноябр тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Худҷореъ” қатъ мегардад.

Шаҳракҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, 80-солагии Пойтахт, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав (ноҳияи Сино), ки аз истгоҳи обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” об мегиранд, аз соати 22:00-и 2 декабр то соати 24:00-и 3 декабр бе об хоҳанд монд.

Интиқоли об тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Кофарниҳон” аз соати 22:00-и 9 декабр то соати 24:00-и 10 декабр дар маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский (ноҳияи Фирдавсӣ), кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улуғбек, У.Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои Роҳи оҳан то Меҳмонсаройи “Пойтахт" ва қисмати кӯчаи Айнӣ, то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва ДОК (ноҳияи Шоҳмансур) қатъ мешавад.

Шаҳрдорӣ аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Дар қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ - Алиев С.А., И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур - Бобоев С.Қ., Сино - Сафаров З.А. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Исупов Ф.А муваззаф шудаанд, дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Мӯҳр
Хамин корхоя тобистон мекардед намешуд

салим
Он шояд барои ободи бошад аммо чарт шарх нест ки чи кор мекунанд бояд шарх диханд намешавад до хости худ коре кунан ва болои он аз мардум хакки одно до ченак мегиранд пас бояд шарх диханд ! Гуфти дустамон дар боло намешуд ки он корхо дар тобистон анчом мегирифт? Йо шояд барои саргарм Кардано мардум да хотири интихобот АСТ???

“Худҷореъ”-яъне чӣ? Шояд манзуратон худҷорӣ аст?

“Худҷореъ”-яъне чӣ? Шояд манзуратон худҷорӣ аст?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)