Ташкили ситод барои ҷилавгирӣ аз "дуздӣ"-и овози муҳоҷирон дар интихобот
Иззат Амон, раҳбари иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия аз таъсиси як ситоди интихоботӣ дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.
Оқои Амон дар саҳифаи Фейсбукаш сабаби таъсиси “Ситоди интихоботӣ-2015”-ро дар пойтахти Русия “фаъол кардани иштироки муҳоҷирон ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва назорати раванди интихобот дар қаламрави ин кишвар” гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ситод аз ҷониби “як гуруҳ дӯстдорони Ватан, ки дар муҳоҷират қарор доранд”, таъсис меёбад. “Албатта ин ситод ба кӯмак ва дастгирии шумо азизон ниёз дорад. Мову шумо набояд иҷоза диҳем, ки ин бор ҳам гуруҳи ҳоким (яъне ҲХДТ) овозҳои мардумро бидуздад. Ҳадаф дорем дар ҳар як нуқтаи овоздиҳӣ дар манотиқи Русия намоянда ва нозир бигузорем, то дуздон овозҳои мардумро надузданд”.
Иззат Амон дар суҳбат бо “Озодагон” иброз дошт, ситод аллакай ҷаласаи аввали худро баргузор кард: “Иштирокчиёни ситод 10 нафар сарназоратчиро интихоб карданд. Ба наздикӣ сарназоратчиҳо ба минтақаҳои гуногуни Русия рафта, барои худ ёрдамчиёнро интихоб мекунанд”. Ӯ инчунин аз фаъолсозии як сомонаи интернетӣ бо номи elections.tj хабар дода афзуд, айни ҳол ба ҷамъоварии мавод барои ин торнамо машғуланд. Ба гуфтаи вай, сомонаи мазкур дар мавриди кори ситод ва фаъолиятҳои онҳо маълумот нашр хоҳад кард.
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2015 баргузор мегардад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |