Русия: “Окно” бо иқтидори нав ба навбатдории ҳарбӣ оғоз мекунад
Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”-и Норак аз санҷиши давлатии қушунҳои Русия гузашта, ояндаи наздик бо иқтидори нав ба навбатдории ҳарбӣ оғоз хоҳад кард.
Дар ин бора полковник Алексей Золотухин, сухангӯи Қушунҳои мудофиаи ҳавоӣ ва кайҳонии Русия хабар дода, афзудааст, ки низоми “Окно” бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид: “Тамоми дастгоҳҳои “Окно” санҷида шуда, иловатан боз 4 дастгоҳи нави назорату коркарди иттилоот дар бораи ҷирмҳои кайҳонӣ насб шуданд. Имкони дарёфту коркарди иттилоот дар “Окно” ба маротиб зиёд карда шуд.” Ба иттилои манбаъ феълан “Окно” барои навбатдории ҳарбӣ омода шуда истодааст.
“Окно” дар баландии 2 ҳазору 200 метр аз сатҳи баҳр дар болои ағбаи Шар-Шар дар Норак воқеъ буда, аз соли 2004 ба ивази лағви як миқдор қарзи Тоҷикистон ба ихтиёри Русия гузашт. Ин система аз 10 зеристгоҳ иборат буда, то ҳол қисми камашон фаъол будаанд.
Ба иттилои масъулини Вазорати дифои Русия, баъд аз пурра фаъол кардани “Окно” он имкон медиҳад, тамоми таҷҳизот аз баландии 2 ҳазор то 40 ҳазор метр сабт ва назорат шаванд. Феълан 9 ҳазор объект дар феҳрасти назоратии “Окно” ворид мебошанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |