Бахшҳо

Дастури Убайдуллов барои ҷилавгирӣ аз болоравии нарх ва нигаронӣ аз фаъолияти муовинаш

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ба масъулин дастуру супоришҳо додааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори пойтахт ба “Озодагон” гуфт, ҷаласаи корӣ рӯзи 17 ноябр баргузор шуда, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба директори корхонаи воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”, раисони ноҳияҳои шаҳр ва раҳбарони мақомоти марбута дастур додааст, “тамоми потенсиали мавҷуда баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони шаҳр ва роҳ надодан ба таври стихиявӣ болобарии нархҳо дар бозорҳои коммуналӣ ва шахсии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда равона карда шавад”.

Ба иттилои манбаъ, инчунин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, тибқи тартиби муқарраргардида ба КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва бозорҳои коммуналии шаҳр, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, “ҷиҳати пешгирии болоравии нархҳои молҳои ниёзи аввалия барои дахолати молӣ оид ба харидорию пешниҳодоти номгӯи молҳои алоҳида маблағҳои зарурии бефоизро дар давоми соли молиявӣ аз буҷети шаҳр ҷудо намояд".

Оқои Саидов гуфт, дар ин ҷаласа ба масъалаи омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ ва ҳолати роҳҳои пойтахт ҳам дахл шуда, аз ҷумла дар иртибот ба ҳолати роҳҳо, ҷараёни корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири онҳо, танзими хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр аз фаъолияти сарпарасти соҳа – муовини раиси шаҳр Ҳакимов Н.Ҳ. изҳори нигаронӣ карда, “дастур фармуд, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешад”.
Мӯҳр
Мехр
Агар сиёсати сахтгирии Убайдуллоев набошад, аник нарху навои точирони мусулмон дар бозорхои шахр, ба авчи фалак бол мезананд.

98
Рафики шахрдор як ба идораи андоз супориш дихед то онхо шабу руз рейд карда нафароне ки беасос нарха баланд мекунанд андози иловаги ситонанд.Бовар кунед ин тоифа мардум танхо аз супоридани андози барзиедати метарсанду халос боки аз хеч касу хеч чиз.
Танхо андоз метавонад пеши рохи беасос баланд бардоштани нарххоро гирад!
Баъдан саросар додани чиптахоро аз магозаву чойхои савдо хатман чори карда назорат бурдан лозим,аксари кулли фурушандагон чипта намедиханд,агар онхо диханд(100%)-а нарххоро бехуда баланд намекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)