Шикояти сафири тоҷик аз болои хонуми покистонӣ ба пулис
Мақомоти пулиси шаҳри Исломобод аз рӯи шикояти Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон алайҳи хонум Саъдия Ҳайёт, собиқ ҳамкори сафир тафтишоти ҷиноиро оғоз кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти пулис Ҷононов иддао дорад, ин хонум, ки сармеъмори ширкати “Montage Design Build” (MDB) мебошад, барои ба даст овардани шартнома ҷиҳати тарҳрезию бунёди бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар бораи вазъу мавқеи ширкаташ асноди тақаллубиро пешниҳод намуда ва бо ҳамин роҳ сафирро фиреб додааст.
Аммо Саъдия Ҳайёт ҳангоми бозпурсии пулис иддаои Ҷононовро рад карда, изҳор доштааст, воқеан бо сафорат дар бораи тарҳу бунёди бинои нав дар Исломобод моҳи апрели соли равон шартнома баста, ҳамаи корҳои ба уҳдагирифтаро анҷом дод. Ӯ мегӯяд, сафорат бояд супервайзер ё худ миёнараверо таъин мекард, то рафти иҷрои шартномаи дутарафаро назорат намояд, аммо сафир хостааст, корро худаш назорат кунад ва ин сарчашмаи асосии мушкилот аст. Ин хонум инчунин аз он шикоят кардааст, ки сафири тоҷик ӯро на танҳо дар тақаллубкорӣ муттаҳам мекунад, балки болои пулис фишор овардааст, то алайҳи ӯ тафтишоти ҷиноиро оғоз кунанд.
Дар ҳамин ҳол Додгоҳи Исломобод иддаои ҷонибҳоро шунида барои оғози тафтишоти ҷиноӣ алайҳи Саъдия Ҳайёт ба пулис иҷоза додааст ва таъкид намудааст, тамоми ҷузъиёти қазия дар доираи қонун тафтиш ва ҳал шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |