“Ибни Сино” акнун бемориҳои узвҳои ҳозимаро табобат мекунад
Бемористони Ибни Синои Душанбе аз ифтитоҳи бахши гастроэнтерология хабар медиҳад.
Тавре аз ин муассисаи тиббӣ хабар доданд, дар ин бахш бемориҳои узвҳои ҳозима ташхис ва табобат хоҳанд ёфт: “Шӯъбаи навтаъсис бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ аз қабили эндоскоп, клоноскоп ва ғайра муҷаҳҳаз буда, дар ин бахш бемориҳои меъдаву сурхрӯда, рӯдаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рӯдаҳо, бастани варикозҳои сурхрӯда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхрӯда бо балон ва стент, гузоштани лулаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва гепатит озмоиш ва табобат мешаванд”.
Манбаъ меафзояд, табобати беморонро профессор Мансурӣ, ки яке аз мутахассисони варзидаи ин бахш мебошад, бар зима хоҳад дошт: “Нафароне, ки аз бемории узвҳои ҳозима азият мекашанд, метавонанд аз хизмати босифати тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино ва машварати мутахассиси варзидаи хориҷӣ истифода намоянд. Телефон барои тамос ва маълумот 44-640-01-02, 44-640-01-03”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |