Зоҳидӣ дар суҳбат бо Купер эҳёи иқтисоди Афғонистонро ба миён гузошт
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳамиш Купер, сафири тозатаъйини Зеландияи Нав дар Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, дидори Зоҳидӣ бо Купер рӯзи 17 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин вохурӣ “масоили тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва фаъол намудани робитаҳои Тоҷикистону Зеландияи Навро дар соҳаҳои савдо, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва тандурустӣ баррасӣ кардаанд”.
Ҷонибҳо инчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи СММ, вазъи Афғонистон ва мусоидати минбаъда ҷиҳати эҳёи иқтисодиёти ин кишвар табодули назар кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |