Сорос дар Қирғизистон аз муваффақият гуфтааст
Ҷорҷ Сорос сармоягузори маъруфи Амрикоӣ рӯзи 17 ноябр аз Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Миёна дар Қирғизистон боздид кардааст. Ӯ дар ин сафар бо раиси донишгоҳ Эдрю Вахтел ва намояндаи Бунёди Оқо Хон мулоқот кардааст.
Дар ин дидори ғайрирасмӣ имкони ҳамкории Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Миёна (АУЦА) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) баррасӣ шудааст. Ғайр аз ин Ҷорҷ Сорос бо кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Миёна дидор кардааст. Ӯ ба саволҳои донишҷӯён дар бораи нақши таҳсил дар ҳаёти инсон, корҳои хайриявӣ посух дода ва ҳамчунин мафҳуми “муваффақият”-ро ҳам ба баҳс кашидааст.
“Яке аз омили таъинкунандаи мувафақият маҳорати тафакури интиқодӣ ҳаст. Омӯзиш дар донишгоҳ ба поён намерасад, онро бояд дар тӯли зиндагӣ идома дод. Қабл аз он ки битавонӣ ба дигарон дар миқёси ҷаҳонӣ кумак кунӣ лозим аст худат муваффақ шавӣ. Муваффақият натиҷаи меҳнати зиёд аст”,-шарҳ додааст ӯ.
Қарор аст, Сорос дар ҷараени ин сафар аз бинои нави донишгоҳ дидан намуда, бо Алмосбек Отамбоев, райиси ҷумҳури Қирғизистон ва Ҷоомарт Оторбаев, нахуствазири ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |