Ҳалокати ҷавонзани 21-сола ва шавҳараш аз дуди ангишт
Як ҷавони 22-сола ва ҳамсари 21-солааш рӯзи гузашта, 16-уми ноябр аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Тавре ба “Озодагон” аз мақомоти умури дохилӣ хабар доданд, ин ду навҷавон сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов Хуҷаматов Умедҷон ва ҳамсараш Муъминова Гита мебошанд, ки ба нияти гармшавӣ аз ангишт истифода кардаанд, вале дар ҳавлии истиқоматиашон аз дуди ангишт заҳролуд гашта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли сармо зимни истифодаи ангишт чандин шаҳрванди Тоҷикистон аз дуди он заҳролуд шуда, ба ҳалокат мерасанд. Аз ҷумла як ҷавонзани тоҷик дар ноҳияи Рӯдакӣ ба нияти гармшавӣ ангиштро дар оташдон рехта, шабона хоб мераванд ва ҳамроҳ бо кӯдакони ноболиғаш дигар бедор нашуда, аз заҳри дуди он ба ҳалокат мерасанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |