Бахшҳо

Иштироки қории 14-солаи тоҷик дар озмуни шоҳи Саудӣ

Дар озмуни байналмилалии Қуръони карим, ки бо номи шоҳи Арабистони Саудӣ - “Шоҳ Абдулазиз” дар шаҳри Маккаи мукаррама идома дорад, Тоҷикистонро Лутфуллоҳ Холиқов, намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои торнамои “ал-Холиқ”, даври аввали озмун рӯзи 15 ноябр дар Масҷидулҳаром баргузор шуда, раҳбарии ҳайати доваронро доктор Аҳмад ибн Али Судайс, раиси факултаи улуми қуръонии Донишгоҳи исломии Саудӣ ба зимма дорад.

Манбаъ мегӯяд, дар даври аввал ҳайати доварон дар ду баст ба тиловати 25 ҳофизи Қуръон, аз ҷумла Лутфуллоҳ Холиқов гӯш додаанд. Озмуни Қуръони “Шоҳ Абдулазиз” бори 36-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Имсол дар он ҳофизони Қуръон аз 59 кишвари дунё, аз ҷумла Малайзия, Мянма, Баҳрайн, Тоҷикистон, Тунис ва Мағриб иштирок доранд.

Лутфуллоҳ Холиқов 14 сол дошта, қироъати таҷвидии Қуръонро хуб медонад ва матни беш аз шаш ҳазор оя ва 114 сураи Қуръонро бо муаррифи рақами сафҳаҳояшон азхуд кардааст. Ба гуфтаи пайвандони Лутфуллоҳ, ӯ тамоми ояҳои Қуръони каримро дар муддати як сол дар Ватан ҳифз кардааст.

Соли 2012 низ тими сенафарии ҳофизони Қуръон аз Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ ҷой аввалро ба даст оварда буданд, ки яке аз ин се нафар Лутфуллоҳ Холиқов буд.

ЛУТФУЛЛОҲ ХОЛИҚОВ ДАР ОЗМУНИ ҚУРЪОН ДАР ДУБАЙ, МОҲИ АВГУСТИ СОЛИ 2012




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Муборак
Ахсан, сад офарин аввало бар падару модарат, сипас бар худат. Худо нигахбонат бошад.

Хазор рахмат ба падару модарат ва устодат кории азиз, ва як чахон ташакур барои токии сарат ки ин хоси точикон аст.Хастан одамоне, ки токии шабхопкунаки арабхоро дар сар монда мегарданд ки ин моли мо нест

Офарин,Худованд нигохбон бошад.

Боракаллох худо аз ту рози бошад шери Аллох

Хохй чоп кун, нахохй не! Хамин Лутфуллохатон баъди чанд сол дарди сари Точикистон мешавад. Чунон таккабабур мешавад, ки худро донои охирулзамон медонад. Дар асл хамчун тутй мемонад. Чунки дониши математикй надорад. Чисмро аз рух фарк намекунад. Фанатики таппа тайёр. Чавонону наврасони дигар миллатхо бо ихтироъ ва омузиши техникаи хозиразамон машгуланду мо точикони точдор бошем дар хорича (мамолики Араб) террорист ва фанатик тайёр мекунем. Ифтихори мо Сино (тиб), Умари Хайём (математик - ситорашинос), Берунию академик Рачабовхо, Гафурову Акбар Турсунзодахоянд. Дар ин самт бояд кор кард. Ту Озодагон тарафдори як - ду нимчамуллой. Як ихтирои хурди техникии кудакону наврасонро таргиб кунй намешавад. Хохй чоп кун, нахохй не.

Рахмати худо ба падару модари ин кори.Худованд зехнашро буро гардонад. Ба компютер чунин гуфтаниам ки пеш аз он ки Олимоне ки ту таърифу тавсифашон карди фахмида мон ки онхо низ хофизони кул и курон буданд ки то имруз ва то киёмат дар сафхаи таърих мемонад. Аммо терорист ту ва ту баринхохасед ки намехохед дар Точикистони азиз сафи чунин хофизони курон зиёд шаванд.Худованд хамаи моро хидоят ба рохи рост намояд ва дар хар як хонаи мо мардуми Точикистонхофизони курон ва олимони динию дуняви ато намояд ки номи точиконро дарарсаи чахон ба монанди Рудакию Сино Хофизу Бедил Хочи Хусайну Туграл Гафурову Турсунзода ,Эмомали Рахмон номбардор шаванд.

салом
компютр, салом да ту он фахри мусалмону числом АСТ оянда бояд тарббия шавад он додорак вале ту чарт чунин мегуи магар намебини чомеаи Точикистонро? До кадом услуб таьлим медиханд аз богчаи кудакон сар карда то донишкадаву донишгох ойо бо чунин таьлимот мешавад ки мусалмонзода дар чунин макотиб таьлим гирад холо гузарем ба дониш ойо мактабу донишгох кушиши казни лайокатманд кардонро дорад? Агар хам бошад Рох намедиханд то км мардум дар хидмати хукком боланд на хокимон дар хидмати мардум! Пас дуруст Нигер вокеиятро баьд шарх Невис чаноб!!!!!

Озод
Бемаънеги. Ин кудак ки магзи хуб дорад бояд барои омухтани илмхои дакик равон шавад. Аз ин афсонахои пуртазоди араби дар 1400 сол чуз зарар барои мардуми мо чизи дигаре нарасидаст. Муборак,
Муборак,Муборак,

Хамин Озод баъди 1400 (хазору чорсад) сол ОЧАИ ГАПА гуфт. Дакикназаронро бо рохи дуруст бояд равона сохт, то МО ТОЧИКОН пеш равем. Садкаи ХУДОИ ЯКАВУ ЯГОНА аз он биёбонихо мо чй меомузем?! Хеч чиз. Он биёбонихою кучманчию сахронишинон бояд аз мо биомузанд. Ба чузъ Китоби мукаддаси Куръон (Фуркон)... (араб) дигар китобхое, ки ба башарият рушной ато фармудаанд, (аз чахли чохилон, ки ба арабй навишта шудаанд) сохибонаш моли мост. ФОРСССССССССССС.

мухамад
ватандор,
ватандор
компютр,компютер ту авал падару модари худатро хурмат бикун. Падару модарат бо чикадар хавасхо номи хубе гузоштааст. Номи худатро намедониву аз шоиро гап мезани ту бачата чизе меомузи биомуз номи худатро йод гир.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)