Бурҳонов аз президент тағйири рамзҳои давлатиро дархост кардааст
Сафват Бурҳонов , таҳлилгар ва рӯзноманигори тоҷики муқими Укроина бо ирсоли як номаи кушод ба унвони раисичумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тағйири рамзҳои давлатиро дархост намудааст.
Ба навиштаи Бурҳонов нишону парчаме, ки ҳоло Тоҷикистон дорад, ба воқеияти рӯз ҷавобгӯ нестанд ва тоҷикони саросари дунё имрӯз ниёз ба гербу парчами миллӣ доранд: «Гербу парчаме, ки дорем, ба воқеияти рӯз ҷавобгӯ нестанд. Моро ё турк ё эронӣ мепиндоранд ва ба ростӣ, агар бо ин рамзҳо худро оро дода, ба кӯча бароем, одам мисли масхарабоз/клоун/ мешавад».
Ин таҳлилгари тоҷик пешниҳод кардааст, ки парчами нави Тоҷикистон бояд якранг, аз ранги Хуршед, яъне ранги зард омода шавад. Ба гуфтаи ӯ герби Тоҷикистон бояд ҳамон тоҷи зарррине бошад, ки феълан тоҷикон доранд.
Ӯ изҳори умед кардааст, ки пешниҳодаш бо амри президент ва қарори парлумон амалӣ мегардад, чун ба гуфтаи вай рамзҳои давлатӣ омили муттаҳидкунандаи миллат буда, давлатҳо вобаста ҳар даври замон онҳоро коркарду таҷдид мекунанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |