Боздошти 3 марди тоҷик дар либоси зан
Вазорати умури дохилии Афғонистон аз ҳамлаҳои интиҳории созмони террористии “ал-Қоида” бо ҷалби шаҳрвандони ҳамсоякишвари худ – Тоҷикистон шадидан ибрози нигаронӣ кардааст.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, рӯзи 16-уми ноябр дар нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари ҷангҷӯёни узбаку чечен даст ба иҷрои ҳамлаҳои маргбору хунине алайҳи мардуми осоиштаи афғон мезананд, ки тавассути “ал-Қоида” тарҳрезӣ мешавад.
Ба гуфтаи Сиддиқӣ аксари ин ҷангҷӯён дар мадрасаҳои Вазиристони Покистон тамрин дида, барои иҷрои ҳамлаҳои террористӣ вориди қаламрави Афғонистон мешаванд. Сиддиқӣ боздошти 3 ҷангҷӯи тоҷики марбут ба “ал-Қоида”-ро мисол овардааст, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Қундузи Афғонистон бо либоси занона боздошт шуда буданд. Сухангӯи ВУД-и Афғонистон меафзояд, ки ҷангҷӯёни боздоштшуда иқрор кардаанд, ки дар яке аз мадрасаҳои Вазиристон тамрин дидаанд.
Сиддиқ Сиддиқӣ мегӯяд, ин ҳама дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти афғон тайи чанд соли охир аз истифода шудани бархе мадориси Покистон барои тамрини ҷангҷӯён нигаронӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ахиран яке аз чеҳраҳои маъруфи мазҳабӣ ва сиёсатмадори покистонӣ – Мавлоно Фазл Раҳмон низ ин иддаои мақомоти афғонро таъйид кард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |