Бахшҳо

Президент, Акбар Турсун ва 5 нафари дигар академик шуданд

Аъзои Академияи улуми Тоҷикистон зимни интихоботи рӯзи 14-уми ноябр аз 15 номзад 7 нафарро ба ҳайси академик интихоб намудаанд.

Тавре аз Академияи улуми Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд 7 нафар ба ҳайси аъзои пайвастаи Академия интихоб шуданд, ки дар қаторашон Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо низ ҳаст: “Фарҳод Раҳимӣ аз соҳаи физика, Ҳикмат Ҳисориев аз ботаника, Акбар Турсунов аз маданиятшиносӣ, Ҳайдар Сафиев аз кимиё, Кароматулло Олимов аз фалсафа, Маҳмаисуф Имомов аз филология ва Шералиев аз соҳаи тиб академик интихоб шуданд."

Мусоҳиби “Озодагон” дар қатори афроде, ки номзадияшонро пешниҳод кардаанду барандаи унвони академикӣ нашуданд - Исроил Исмоилов аз физика, Ҳамидҷон Абдуллоев, Қурбон Алиев, Акрамшо Фелалиев аз физиология ва биохимияи растанӣ, Хаёлбек Додихудоев, Муллоаҳмад Мирзо аз маданиятшиносӣ, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев ва Шоназар Шоисматуллоев аз фалсафаро ном бурд.
Мӯҳр

Ин академикхои мо Фарҳод Раҳимӣ, Ҳикмат Ҳисориев, Маҳмаисуф Имомов инхо арзандаи академики не лав лави академия гаштан ба арзанда нестан. Ин Фарход худаша академик кардаст о ту шарм намедорими.

Бинед президентхои АИ ЧТ кихо буданд, Айни, Гафуров, Осими, Мирсаидов акнун ин Фарход. .

Ба Чаноби Оли гуфтаниям о ин кудака чи хел президент монден.

Академия-я авал Илолов распо кард бо ин Фарход омада тамоман распотар кард. Фарход ман туба гуфтаниям ин Вазорати маориф не ин боргохи илм аст.

Як одам гуфтаги буд, агар хамин Вазорати маориф як майдонча бошад ин майдонча валангор аст,.

Ассистент Аз ДМТ
Устод Имомов Маҳмаисуфро ба муносибати сохиби увнои академик шуданашон аз самими калб табрик менамоям. Барояшон дар чодаи илм ва кору фаъолият бурдборихо таманно дорам. Доимо сарбаланд бошед устод!

Миёни ин панчгона ба чуз Акбар Турсун ва Фарҳод Раҳимӣ халк хатто номи бокимондаро намедонад. Дар бораи хизматхои онхо хатто касе ном бурда наметавонад.

Физик
Рустам,
Мухтарам Рустам, Рахимовро тахкир кардан кори хуб нест, мавкеву дидгохи хар кас гуногун аст ва ягон нафаре нест, ки ба хама писанд афтад ва ба корхои Рахмов дар академия хануз бахо дода намешавад, вакт нишон медихад самаранокии фаъолияти он касро.

Унвончуи академия
Рустам, ту ачоиб гап мезани, Фарход Рахими 50 сола шуд, чаро вайро кудак мегуи ва ба чаноби оли мурочиат мекуни, ки чаро таъинаш кардед, дар давраи Илолов кариб буд, ки илм аз байн равад, то охирин хишту китобхои академияро фурухтанд, монед Фарход кор кунад, пешравихо аллакай маълум, ту магар бехабари ки чаноби оли писари 26 солаи бе собикаи кории харбидошташро, бе гузаштани зинахои пайдарпайи рутбахои афсари, ки конун муаян кардааст, унвони баланди генерали дод, так что Фарходчон арзанда мебошад ва шахрванди Точикистони азиз аст.

Физик,
Мухтарам Физик, Шумо ба як савол дорам танхо мехохам аз руи вичдон чавоб тиед? Хамин Фарход Рахими арзандаи академик аст?

Ба фикри ман ин одам танхо арзанди номзади илм асту бас.

Озодагон илтимос чоп кун.

Физик,
Агар Шумо физики асли бошед. Дар сохаи физика арзандатарин одам ин Хакимов Фотех Халикович мебошад. Ани ин одам бояд академик шавад, на Фарход Рахими, на Одниаев Саидахмад, на дигару дигар.

Ин одам яъне Хакомов Ф.Х., тамоми физикдонхои имрузаи Чумхуриамонро ба руи об баровардааст. Хато намекунем, агар гуем, ки асосгузори физики Точик ин Хакимов Ф.Х. мебошад. Агар дар тарозу монем хаммаи физикдонхои чумхурия ва дар дигар пахлуи тарозу Хакимов Ф.Х. гузорем тарафи Хакимов Ф.Х. вазнинтар аст.

Ба жруналистои Озодагон пешниход карданиям, агар дар бораи ин шахс агар макола нависед баъд мурдум медонад, ки ин одам чигуна одам аст. Бо дар бораи ин шахс Фарход ро напурсед. Метавонед Талбак Назаровичро пурсед бехтар мешуд.

Мегум ино чи ихтироъ карда бошанд е дар дигар давлат ихтиро карда бошанд ягон гугирдай е рагадка????

Окибат раиси частохез ако димик шуд. Акбар надихад, Худои акбар бидихад, гуптаги барин шуд.

Хуб мешуд аз сохахои чадиди илм низ академикхо мебаромаданд. Зеро дар ватан аз фанхои чадид кариб олиме хам нест

Куруши Бузург
Мутаассифона академикхоро на аз руи сахми вокеияшон дар илм, балки аз руи мансаб ва нишонахои дигари ба илм ягон алока надошта интихоб мекунанд. Масалан бояд ба мардум ва ахли илм эълон кунанд, ки ин академикхо барои кадом асар ё кашфиёти бунеди ва арзишмандашон академик шудаанд. Гумон мекунам ягонтои онхо хамин чизро надоранд.

Табиб
Шералиев, ки аз сохаи тиб академик шудааст, ки бошад? Хамин кадар ман, ки профессори илми тиб мебошам, хеч ломит сохаи тибро ба ед наовардам, шоистаи ин унвони олии илми шуда метавонист.

Мехр
Ман фахмидан мехохам, Ин Академикхо ягон инкилоб ва ё ягон таконе дар сохаи илми башар ба амал овардаанд. Ё ягон критерия дорад, ки бокимондахо муаффак нашуданд.

Рохакии рох
Вой бархоли ин академикон мешидай хаминхелхам касонеки сазоворанд пешниход накардаанд кучо шуд он суханони бузургон даргохи Илм ба вазорат мубадал шуд

Ба унвончуи А И ЧТ
Агар айни замон Илолов сари мансаб мешуд уро таъриф мекарден илм ягон вакт гум намешавад акнун гум нашавад мумкин Ононеки арзанда будан нашудан барои чи хайронам касе дар мансабаст барои милат бояд кор кунад на барои хеш худо инсоф тияд ба воломакомони илм то ононе ки узви вобастаанд пешниходи академики кунан то дилшикастаи сохаашон нашуда бо шогирдон коро дучанд зиёд кунанд

Gharib
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)