Бахшҳо
15 ноя 2014 12:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Убайдуллоев: Ҷилави монополисту миёнаравҳоро дар бозорҳо гиред

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо баргузории як ҷаласаи корӣ бо ҷалби фаъолони шаҳрвандӣ, вакилони мардумӣ ва мақомоти интизомӣ хостори таъмини фаровонию арзонии маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев барои пешгирии афзоиши нарх дар бозорҳо дастур додааст, ки алайҳи фаъолияти монополистии шахсони воқеию ҳуқуқии хизматрасон ва инчунин барои аз байн бурдани миёнаравҳо чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Ба иттилои манбаъ Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур додааст, ки захираҳои маъмурияти бозорҳои коммуналӣ ба савдо гузошта шуда, интиқоли ҳамарӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ бевосита аз ҷониби директорони бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон», «Қарияи боло» ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз ноҳияҳои кишоварзии ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.

Ӯ аз ҷумла масъулини Раёсати рушди иқтисод ва савдо ва Хадамоти зиддиинҳисории пойтахтро вазифадор намудааст, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳимоя карда, зидди нуфузёбии монополистҳо тадбирҳои муассир андешанд. Ӯ барои самаранокӣ дастур додааст, ки ба ин раванд фаъолони ҷомеаи шаҳрвандию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шаванд.

Мӯҳр
точик
Яке аз сабабхои гаронии нарх ин аст, ки милисахо ва охраники бозорхои мазкур бо фурушандагоне, ки чойхои фурушро харидаанд ва инхоро мешавад гуфт монополист хастанд, гап як карда дехконхоро намемонанд, ки ба бозорхо дароянд ва пеш аз ба бозор даромадан милиса онхоро тахдид мекунад ва савдогарон бори дехконро бо нархи арзон мехаранд ва ду се барбар кимат мефурушанд. Аз ин сабаб дехкони бечора бори худро ба бозор ворид карда наметавонад ва нарх ба фалак меравад. Рохи хал ин аст ки милисахои конуншикан ва порахурро аз бозорхо дур кунед. Бовар кунед вакте мебинед милиса пеши хар як савдогар рафта як донаи картошка ё пиёзу помидор талаб мекунад, дигар намедони ба ин хомиёни ба ном хифзи хукук чи гуи. То вакте фасоду ришвагирии макомот аз байн бурда нашавад нархи мавод дар бозорхо гарон мемонад.

Salom
Bakhdo to khudi hami hukumatdoro zarar nabinan Dar figri digaron nestan

Монополисти асосй раисони бозорхои поитахт мебошанд. Аз як сол ки зиёд кор кард мафия мекунад. Хешу таборашро меорад. Аз чекчин сар карда то каровули туалети бозор хешоша мемона. Масалан директори бозори Шохмансури шахри Душанбе.

856
Яъне ки ки бояд гирад?Ин фурушандахо азбаски андоз намедиханд кадом нархе ки пеш ояд мегузоранд,агар дуллор ягон 0,01сент боло равад унхо то 5-8 доллар нарха боло мекунанд.Ягон ургоне хаст ки пеши рохаша бигирад.Бозор низ тартиб доштагист хаос нест ку?

Убайдуллоев як болтун.Факат гап мезанад.Дар вакти Рамазон нархоро паст мегардонад,аммо дар асл нархо баръакс боло мераванд.Шахри Душанберо ба як бозори хариду фуруши хона табдил додааст,аммо инфраструктураи онро ба фалач расондааст.

sato рост мегуяд. Шахрба оби тоза даркор. Свет даркор. Канализатсия даркор. Наклиёти чамъиятй даркор. Бозору бозордори хуб даркор. Ана баъд Душанбе пойтахти точикон мешавад. Максуд Икромуф чи хеле ки буд набуд набзи пойтахтро мефахмид. Балтават намекард. Кораш маълум буд. Командаи босавод дошт. Пенсионеру хешу табори бесаводашро дар гирдаш чамъ намекард. Фахмидй рафик Убайдуллоев.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)