Баҳси масоили марзӣ дар суҳбати Расулзода бо Отамбоев
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Қирғизистон бо Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури ин кишвар вохурдааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қирғизистон, дидори Расулзода бо Отамбоев рӯзи 14 ноябр дар шаҳри Бишкек сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили марбут ба равобити Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.
Раисҷумҳури Қирғизистон аз ҷумла ба масоили баҳси марзӣ дахл карда, ба таъмини муштараки амният дар манотиқи сарҳадии ду кишвар ва анҷоми саривақтии корҳои аломатгузории хатти марз таъкид кардааст.
Инчунин Расулзода ва Отамбоев рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро бисёр муҳим хонда, хостори тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва нақлиёт шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |